Ovozi.uz

Дар бораи даъвати сессияи наваду панҷуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум

Бар асоси моддаи 17‑уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Сессияи наваду панҷуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд 26‑уми январи соли 2024 даъват карда шавад.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зеринро дохил кунанд:
— ҳисоботҳои сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Ф. Болтаев ва сарвари Садорати ҳифзи тандурустии вилоят С. Зайниев роҷеъ ба таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30‑юми декабри соли 2022 «Дар бораи чорабиниҳои таъмини иҷрои қонун роҷеъ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2023 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон»;
— ҳисоботи ҷонишини сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят — сарвари хидмати бехатарии ҷамоатӣ Х. Умаров дар бораи корҳо бобати таъмини бехатарии ҷамоатӣ дар вилоят то охири семоҳаи чоруми соли 2023, корҳое, ки дар ҳамкорӣ бо субъектҳои таъминкунандаи бехатарии ҷамоатӣ ва иштирокдорони он амалӣ гардидаанд;
— дар бораи ҳисоботи сарвари идораи бехатарии ҳаракати роҳи Садорати корҳои дохилии вилоят Ш. Бойхӯрозов аз рӯйи таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4‑уми апрели соли 2022 «Дар бораи чораҳои таъмини бовариноки бехатарии инсон дар роҳҳои автомобилгард ва ба таври назаррас кам кардани ҳолатҳои марг»;
— дар бораи тасдиқи ставкаҳои андози замин барои заминҳои ғайрикишоварзии шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ дар соли 2024 вобаста ба рушди иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд;
— дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои камшавӣ ба қимати мутлақи амволи ғайриманқул ҳангоми ҳисоб кардани андоз аз амволи шахсони юридикӣ дар вилояти Самарқанд дар соли 2024;
— дар бораи вазифаҳои устувор аз рӯйи рушди технологияҳои рақамӣ дар вилоят, инчунин, рақамикунонии идораи давлатӣ;
— дар бораи баррасии масъала оид ба тағйир додани сарҳади маъмурию ҳудудии шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Самарқанд ва Оқдарёи вилояти Самарқанд;
— дар бораи тасдиқи рӯйхати манзилноки корҳои сохтмони роҳҳои семент-­бетонӣ дар вилояти Самарқанд дар солҳои 2023–2024;
— дар бораи тасдиқи натиҷаҳои иҷрои нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти ҷонишинҳои ҳокими вилоят аз рӯи ҷамъбасти семоҳаи чоруми соли 2023;
— дар бораи тасдиқи нақшаи кори Шӯрои намояндагони халқи вилоят барои нимсолаи якуми соли 2024;
— масъалаҳои дигар.

Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
19‑уми январи соли 2024.