Ovozi.uz

Беҳтаринҳои сол мукофотонида шуданд

Дар Самарқанд маросими тақдирнамоии футболбоз ва мураббиёни беҳтарине, ки дар мусобиқаҳои порсолаи ҷумҳурӣ ва вилоятӣ ғолиб ва ҷоизадор шуданд, баргузор гардид.
Ба футболбоз ва мураббиёни онҳо, ки дар соли 2023 дар мусобиқаҳои вилоятӣ, “Лигаи бачаҳо”, “Лигаи ҷавонон” ва ғайра дар сафи ғолиб ва ҷоизадорон шуданд, инчунин, ба масъулоне, ки ба ривоҷи футболи Самарқанд ҳиссаи муносиб ҳамроҳ кардаанд, ташаккурномаи ҳокими вилоят, ифтихорномаи Асссотсиатсияи футболи вилоят, ҷом ва медалҳо супурда шуд.

  • Духтарони дастаамон соли гузашта бо варзиш ба таври мунтазам шуғл варзиданд. Дар натиҷа, дар зинаи ҷумҳурии мусобиқаи футболи “Ҷоми хидмати бехатарии давлатӣ” ғолиб гардидем, — гуфт мураббии дастаи футболи духтарони “Нафис”-и маҳаллаи Нӯши ноҳияи Ҷомбой Гулҳаё Тоҷинурова.
    Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов иштирок кард.