Нилуфар Қосимова, ки дар яке аз хонадонҳои маҳаллаи Суғдиёнаи шаҳри Самарқанд дар иҷора истиқомат мекард, машаққати мусофириро хуб фаҳмид. Панҷ нафар фарзанди вай дар Россия таваллуд шудаанд. Вале на дар Россия ва на баъди бозгашт ба хонаи худ, барои бачаҳояш гувоҳномаи таваллудро нагирифтааст. Бо як дунё ҳуҷҷат дар ба дар гашта, монда шуду охирон ба ин кор даст афшонд.
Ҳангоми ба рӯйхатгирӣ, ки дар доираи амалиёт (аксия)-и «Ҳеҷ як шахс бе ҳуҷҷат намемонад» баргузор гардид, муаммои Н. Қосимова муайян шуд. Сардори Садорати адлияи вилоят ҳолатро зери назорат гирифта, барои ба муаммо ёфтани ҳалли ҳуқуқӣ ёрӣ расонд. Аз ҷумла, шӯъбаи расмигардонии далолатномаҳои ҳолати шаҳрвандии рақами 4‑и шӯъбаи адлияи шаҳри Самарқанд ба шаҳрванд барои гирифтани ҳуҷҷатҳое, ки барои расмӣ кардани гувоҳномаи таваллуд зарур буданд, кӯмак дод. Муаммои 10‑сола дар муддати кӯтоҳ ҳал шуда, ҳуҷҷатҳо ба соҳибонашон супурда шуданд.
Баъди ин онҳо ба сифати шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳимояи кафолатноки иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ соҳиб шуданд.
Дар 10 рӯзи амалиёти мазкур ба 211 нафар сокинони вилоятамон ҳуҷҷатҳои дахлдорро расмӣ карда супурданд. Аз ҷумла, таваллуди 21 нафар шахсро қайд намуда, гувоҳномаи таваллуд, ба 5 нафар шахс ID карта доданд. Инчунин, 151 субъекти тадбиркорӣ, ки бе ҳуҷҷат фаъолият мебурданд, аз рӯйхат гузаштанд.
Агар шумо низ муаммои бо ҳуҷҷатҳо вобаста дошта бошед, метавонед ба шӯъбаҳои адлия муроҷиат кунед, ё ки ба «телефони боварӣ»-и рақами 1148 занг занед.
Амалиёти «Ҳеҷ як шахс бе ҳуҷҷат намемонад» то 20‑уми марти соли 2024 давом мекунад.
Хизмати ахбори Садорати адлияи вилоят
Дар доираи аксия: «Ҳеҷ кас бе ҳуҷҷат намемонад»
