Дар Ўзбекистон нархи сӯзишвории дизелӣ арзон мешавад. Дар ин бора раиси “Ўзбекнефтгаз” Баҳодур Сиддиқов маълум кард.
Бино ба суханҳои ӯ, дирӯз, рӯзи 12-уми феврал дар ҷамъомади бо сарварии Роҳбари давлатамон баргузоргардида супориши арзон кардани нархи сӯзишвории дизелӣ дода шудааст.
-Дар хоҷагии қишлоқ харидани сӯзишвории дизелӣ аз хароҷоти асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷамъомад дар назди “Ӯзбекнафтгаз” дар соли 2024 истеҳсол кардани 680 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, якҷо бо ин, вазифаи бо нархи арзон ба хоҷагиҳои фермерӣ расондани маҳсулот гузошта шуд, — гуфт Сиддиқов.
Инчунин ӯ маълум кард, ки дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2023 ба тарзи иловагӣ истеҳсол намудани 200 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба реҷа дароварда шудааст.
“Дар мобайни як ҳафта тамоми ҳисобу китобҳо ба поён расонда, чораҳои ба 15 фоиз кам кардани нархи ба биржа мондашавии дизелро мебинем” гӯён илова кард роҳбари компания.
Дар Ўзбекистон сӯзишвории дизелӣ арзон мешавад
