Ovozi.uz

Самарқанд — Венгрия: ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад

Имрӯзҳо ҳайати намояндагони Самарқанд бо сафари амалӣ дар Венгрия қарор доранд.
Дар доираи сафар бо намояндагони Агентии сайёҳии Венгрия вохӯрӣ гузаронида шуда, роҷеъ ба салоҳияти сайёҳии минтақаҳои Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳа ва барномаҳои инвеститсионии ояндадори барои ду ҷониб фоидаовар, имконият ва имтиёзоти соҳаи сайёҳӣ тақдимот ташкил карда шуд.
Дар поёни музокирот ҷонибҳо дар мавриди афзоиши гардиши сайёҳон аз Венгрия ба Ӯзбекистон, ҳамчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин соҳа ба тавофуқ расиданд.
Ғайр аз ин, дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар минтақаҳои сераҳолии Будапешт намоиши наворҳо дар экранҳои калон дар бораи тарғиби васеи иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон роҳандозӣ мешавад.
Дар доираи ташриф намояндагони вилоят бо фаъолияти осорхонаҳои Венгрия, имконият ва шароитҳое, ки дар онҳо барои сайёҳон фароҳам гардидааст, шинос шуданд. Дар бораи дар оянда дар Венгрия гузарондани чорабиниҳои «Рӯзҳои осорхонаҳои Самарқанд» ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин, бо ҷониби Венгрия оид ба роҳандозии содироти маҳсулоти ҳунармандӣ музокираҳо сурат гирифт.
Сафари амалии ҳайат ба Венгрия идома дорад.

Хидмати матбуоти Садорати сайёҳии вилоят.