Ovozi.uz

Назаре ба таърихи масҷиди Мулло Рӯзӣ

Масҷиди Мулло Рӯзӣ яке аз ёдгориҳои меъмории таърихии деҳаи мо ба шумор меравад. Ин ёдгории таърихӣ соли 1878 бо ташаббус ва таъминоти бевоситаи молиявии олим, донишманд, мударриси яке аз мадрасаҳои Шаҳрисабз Мулло Рӯзимурод, ки дар байни халқ бо номи Мулло Рӯзӣ маъруф буд, бунёд гардидааст. Мулло Рӯзӣ худ зодаи деҳаи Сарчашма буда, дар ноҳияи Шаҳрисабз зиндагӣ ва фаъолият намудааст. Мувофиқи маълумот ва ёддоштҳои мӯйсафедони деҳа ӯ тамоми умр мударрисӣ карда, тӯли солҳо барои иҷрои яке аз фарзҳои мусулмонӣ — сафари Ҳаҷ маблағ ҷамъ мекунад. Аммо дертар вазъи саломатияш бад гардида, бо маслиҳату дастгирии наздикон ва шогирдон маблағи ҷамъшударо ба бунёди масҷид равона месозад.
Ҳамин тавр, баҳори соли 1878 як гурӯҳ устоҳои моҳири дуредгар, гачкор ба Сарчашма омада, бунёди масҷидро оғоз мекунанд. Тарзу услуби сохтмони ин масҷид бо тарҳи масҷиди Қундузаки Шаҳрисабз як хел аст. Ба корҳои сохтмонии он устоҳои моҳири деҳа, аз қабили усто Нор, усто Шариф, усто Дарвеш низ ҷалб карда мешаванд. Сохтмони масҷид соли 1880 ба охир мерасад ва мувофиқи қонунгузории ҳамон давр аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори аморати Бухоро ба рӯйхат гирифта шуда, мақоми масҷиди ҷомеъро мегирад. Дар замони Шӯравӣ бошад, аз бинои масҷид ҳамчун анбори маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ истифода мебаранд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар таҳти ташаббуси инсони маърифатпарвару некхоҳ Ҳоҷӣ Абдураҳмон Шарифов масҷид аз рӯйхат гузаронида шуда, дубора мақоми пештараи худ — масҷиди ҷомеъро гирифт. Дар масҷид корҳои таъмирӣ амалӣ гардида, дар шафати он биноҳои иловагӣ, чун таҳоратхона, хонаи маънавият, хонаи мӯйсафедон сохта шуд. Ҳоло саҳни масҷидро гулҳои рангоранг ва дарахтҳои ороишӣ зеб медиҳанд.
Масҷиди «Мулло Рӯзи» ёдгории меъмории молики аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда, таҳти ҳифзи давлат аст.

Ганҷина АБУДСАТТОРОВА,
деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё