Чашмаи Камол дар деҳаи Тӯдачорбоғи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Мустақиллик»-и ноҳияи Деҳқонобод ҷойгир аст. Оби чашмаи мазкур хусусиятҳои шифобахшӣ дорад, ки инро мардуми маҳаллии деҳа низ тасдиқ мекунанд. Бино ба маълумоти мутахассисон дар таркиби оби чашмаи Камол моддаҳои зиёди фоидаовар мавҷуд буда, онҳо барои шифо бахшидани бемории гепатити сироятӣ, касалиҳои меъдаю рӯда ва нест кардани санги гурдаҳо мусоидат мекунанд.
— Соли 2005 дар саҳро гӯсфанд мечаронидам, — гуфт сокини маҳалла Камол. — Борҳо дар ҷойи ин чашма ҷамъ омадани обро медидам. Дар атрофи он растаниҳои гуногун мерӯид. Рӯзе он ҷоро бо чӯби дастам кофтам, ки об баромад. Баъде, ки калонтар кофтам. об равон шуд. Пас аз тоза шудани он, нӯшидам. Об хеле ширину роҳатбахш буд. Он солҳо мардуми деҳа аз оби нӯшиданӣ мушкилӣ мекашиданд. Рӯзи дигар омада, ҳамин ҷоро боз кофта, даҳони чашмаро калон кардам. Баъд ин чашма дар байни мардум бо номи камина, чун чашмаи Камол маъруф гардид.
Аз байн 2–3 сол гузашт ва мардум аз оби чашма менӯшиданд. Соли 2008 хешовандони мо аз ноҳияи Нишон меҳмон шуда омаданд. Яке аз онҳо аз бемории санги гурда азият мекашид. Онҳо дар деҳа чанд рӯз меҳмон шуда, аз оби чашма нӯшиданд. Баъди баргаштан занг зада гуфтанд, ки дар шаҳр аз санҷиши тиббӣ гузаштанду ҳаҷми санги гурдаашон хурд шудааст. Боз чанд муддат мо аз оби чашма фиристондем. Дар фурсати кӯтоҳ аз санги гурдаи хешовандамон асаре намонд. Он айём яке аз сокини деҳаамон низ гурдаи худро дар беморхона табобат мекард. Фавран ба пирамард хабар додам. Ӯ ҳам ба нӯшидани оби чашма шурӯъ кард ва дар тӯли ду моҳ гурдаи пирамард сиҳат гардид.
Ин хабар дар ҳама ҷо овоза шуд. Ҳоло аз гӯшаву канори кишвар бисёр одамон бо нияти шифо омада, аз оби чашма менӯшанд ва бо худ мебаранд. Мутахассисони соҳа таркиби оби чашмаро омӯхта, аниқ карданд, ки он аз маъданҳои фоиданок, чун сулфати магний, калсий, натрий, калий бой аст ва на танҳо ба бемории санги гурда, балки барои ғадуди простата, шамолхӯрии рӯдаҳо, гардиши хун, муаммоҳои меъда ва фишори хун низ шифо мебахшад.
Азбаски чашма дар доманаи кӯҳ ҷойгир аст, мардуми маҳаллӣ ба масофаи қариб 300 метр нил кашида, дар он ҷо ҳавз сохтанд. Ҳоло об дар ин ҳавз захира мешавад ва мардуми гӯшаву канор аз он истифода мебаранд. Ғайр аз ин, чашмаи Камол боз як хусусияти аҷиб дорад. Яъне, оби чашма дар чор фасли сол тағйир намеёбад, як хел равон аст.
Озодбек АБДУСАМАДОВ,
сокини деҳаи Қӯтурбулоқи ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё
