Дар маҳаллаи Теппақишлоқи ноҳияи Тайлоқ дар асоси меъёри «Хонадони обод — кӯчаи обод — маҳаллаи обод» анҷом додани корҳои ободсозӣ оғоз гардид.
Ҳоло дар маҳаллаи Теппақишлоқ дар 673 хонадон 3482 нафар умр ба сар мебаранд. Бо мақсади татбиқи меъёри «Хонадони обод — кӯчаи обод — маҳаллаи обод» дар ин ҷо бобати таъмири роҳҳои дохилӣ, беҳтар намудани таъминоти оби ошомиданӣ, ободонӣ, пурра ба роҳ мондани таъминоти нерӯи барқ, навсозии низоми алоқа ва ахбору обёрӣ, ҳамчунин таъмини шуғли аҳолӣ анҷом додани чорабиниҳои муҳим ба нақша гирифта шудааст.
— Дар ҳудуди маҳалла иҷрои як қатор корҳои ободонӣ, аз ҷумла, мумфарш кардани 7 километр роҳҳои дохилӣ, рехтани сангу шағал дар 9 километр роҳ, кашидани нили об ба масофаи 10 километр, аз нав сохтани се иншооти таъминоти об, гузоштани ду трансформатори нав, ба масофаи 10 километр кашидани шабакаи барқ, инчунин, гузоштани 170 дона сутуни оҳанӣ-бетонӣ пешбинӣ шудааст, — гуфт корманди хидмати ахбори ҳокимияти ноҳияи Тайлоқ Акмал Мирзоев. — Илова бар ин, мактаби таълими умумӣ ва кӯдакистони маҳалла, биноҳои истиқоматӣ таъмир мегардад. То ҳол як қатор корҳо амалӣ гардиданд. Аз ҷумла 1,3 километр роҳҳои дохилӣ таъмир шуданд ва аз ҷониби филиали ҶС «Самарқанд сув таъминоти» ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ корҳо идома доранд. Инчунин, рӯйхати одамоне, ки ба баллонҳои гази моеъ эҳтиёҷ доранд, тартиб дода шуда, лоиҳаи таъмири ҷории мактаби таълими умумии рақами 39‑и маҳалла таҳия гардид ва таъмири биноҳои истиқоматӣ оғоз ёфт.
Ғайр аз ин, дар доираи чорабиниҳо бобати истифодаи босамари замини наздиҳавлигӣ, ободонии хонадонҳо ва рушди маданияти рӯзгордорӣ чорабиниҳои гуногуни тарғиботӣ, семинар-намоишҳо гузаронида мешавад.
— Мо аз дигаргуниҳое, ки дар маҳалла амалӣ мешаванд, хеле шодем, — гуфт собиқадори соҳаи маориф, сокини маҳаллаи Теппақишлоқ Орзумурод Мисиров. — Солҳо ин ҷониб дар таъминоти оби нӯшиданӣ мушкилот доштем. Инак, ин масъала ҳалли худро меёбад. Симчӯбҳои кӯҳнаро бо сутунҳои нави оҳанӣ-бетонӣ иваз мекунанд. Бинои нави маҳалла қад рост мекунад, хонаҳои аҳолиро, аз ҳама муҳимаш, мактабу боғчаи бачагонаро таъмир менамоянд. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ин ҳама тағйирот ва корҳои ободонӣ шароити зиндагии тақрибан 3,5 ҳазор нафар сокинони маҳалла беҳтар мегардад.
Ҷамшеди АСРОР
