Ovozi.uz

Кишоварзӣ — омили фаровонӣ



Боиси хушнудист, ки бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлатамон дар қатори дигар соҳаҳо, хоҷагии қишлоқ низ босуръат ривоҷ меёбад.
Мувофиқи маълумоти Садорати статистикаи вилоят дар соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқи вилоят 51 триллиону 216,4 миллиард сӯмро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2022 қариб 5 фоиз зиёд мебошад.
Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти арзону босифати хӯрокворӣ дар вилоят як қатор лоиҳаҳо татбиқ мегарданд.
Танҳо соли гузашта барои коркарди маҳсулоти полизӣ, боғу токзор ва дар яхдонҳо нигоҳ доштани онҳо 28 лоиҳа бо арзиши 535,5 миллион сӯм амалӣ шуда, 841 нафар бо кор таъмин гардиданд.
Дар соли сипаришуда аз ҷониби хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ, заминҳои наздиҳавлигии мардум 3,4 миллион тонна меваю, сабзавот ҷамъоварӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки бо мақсади сарфаи об аз обёрии чакрагӣ пурсамар истифода мебаранд. Дар вилоят 21600 гектар замин чунин обёрӣ мешавад. Дар ноҳияҳои Ҷомбой, Самарқанд, Нарпай, Каттақӯрғон, Иштихон обёрӣ бо агрегатҳо ба роҳ монда шуда, ин таҷриба дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ мегардад.
Воқеан, фасли зимистон — фасли таҷрибаомӯзӣ гардида, барои фермер, деҳқону боғбонҳо, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ва вилоят мунтазам дарсҳои маҳорат ташкил карда мешавад.
Имрӯзҳо деҳқонон барои ҷамъовари ҳосили фаровон аз ғалла ба заминҳо нуриҳои минералӣ медиҳанд. Инчунин, таъмири комбайн, трактор ва дигар техникаи хоҷагии қишлоқ низ муташаккилона идома меёбад. Зеро кишоварзӣ омили тараққиёту фаровонӣ аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА