Рӯзи 5-уми март дар Маркази сайёҳии байналхалқии «Роҳи абрешим» вохӯрии масъулини ҳокимияти вилояти Самарқанд ва ҳайъати шаҳри Нантонги музофоти Ҷиангсуи Хитой гузаронида шуд.
Дар доираи форуми тиҷоратӣ тақдимотҳои ҷонишини ҳокими ҳукумати халқии шаҳри Нантонг, сарвари департаменти тиҷорати шаҳри Нантонг, ҷонишини ҳокими ҳукумати халқии шаҳри Хаян, инчунин, вохӯриҳои V2V ва маросими имзои созишномаҳои дуҷониба гузаронида шуданд.
Дар форум ҷонишинҳои ҳокими вилоят Рустам Қобилов, Ойбек Ҳамроев, ҳокими шаҳри Каттақӯрғон Гавҳар Алимова, ҳокими ноҳияи Каттақӯрғон Ҷамшед Насриддинов, соҳибкорони вилояти Самарқанд ва вакилони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок карданд.
