Паҳн кардани силоҳи пневматикӣ бе рухсати идораҳои дахлдори корҳои дохилӣ, фурӯш, нигоҳ доштан, кашондан, ба намоиш гузоштан, истифодаи он, ба ҳудуди Ӯзбекистон дохил кардан ва баровардани он бо роҳи транзит — мусодира карда мешавад, ба шахсони ҷисмонӣ ба миқдори аз 15 то 30 баробар ва ба шахсони мансабдор аз 25 баробар то 50 баробар ҳисоби базавӣ ҷарима ёки сабаби ба муддати 15 шабонарӯз ҳабс мегардад. Вақтҳои охир, ба ин нигоҳ накарда аз тарафи баъзе шахсон ба воситаи сарҳади гумрукӣ ҳолатҳои бе рухсатнома даровардани силоҳи пневматикиро ба дохили мамлакатамон рӯ ба рӯ мешавем. Аз ҷумла, дар фурудгоҳи байналқии Самарқанд шахсе, ки бо хатсайри «Домодево — Самарқанд» парвоз карда, ба воситаи роҳрави «сабз» ҳаракат карда меомад, аз тарафи ходимони гумрук багаж ва борхалтаи ӯро аз назар гузаронида шуд. Дар натиҷа, 1 дона силоҳи беҳуҷҷати русуми «МР -512» ба қимати 3,1 миллион сӯма, аслиҳаи пневматикии калибрдори 4,5 мм ва 550 дона тири қӯрғошимӣ ва 1 дона «оптический присел» бо номи «Borner» муайян гардид, ки дар декларатсияи боҷхона дохил карда нашудааст. Аз рӯи ҳолат ҳуҷатҳо расмӣ гардонида шуда, аслиҳаи пневматикӣ ва тирҳои қӯрғошимӣ ба таври муваққатӣ боздошт шудааст. Ҳоло нисбати ҳолати мазкур аз тарфи идораҳои гумрук корҳои тафтишотӣ бурда мешавад.
Боздошти силоҳи пневматикӣ дар фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд
