Ovozi.uz

Дар Душанбе ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гузаронида мешавад

Дар доираи ташрифи ҳайати кишварамон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоати Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода баргузор гардид

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба гузаронидани ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро, ки таҳти ҳамраисии сарвазирони Ӯзбекистон ва Тоҷкистон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, муҳокима намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, истеҳсоли чархҳо дар заминаи Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «ТАЛКО» барои эҳтиёҷоти саноати мошинсозии Ӯзбекистон, инчунин сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон мубодилаи афкор доир шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо таъкид намуданд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарони ду давлати ҳамҷавор ва бо ҳам дӯст буд, ки имрӯз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба шарикони стратегӣ ва боэътимод мубаддал гардидаанд.

Маълум гардид, ки соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 504,4 миллион доллар ва вазни хоси он 6,1 фоизро ташкил дода, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон он дар ҷои 5-ум қарор дорад. Ҳамзамон ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин нишондиҳанда иқтидори мавҷудаи байни давлатҳои моро инъикос накарда, ҳоло ҳам имконияти зиёди истифодаи ин иқтидор вуҷуд дорад.