Ovozi.uz

Абдулло Арипов ба Тоҷикистон рафт

Дар асоси супориши Сарвари давлат ҳайати намояндагони Ӯзбекистон таҳти сарварии Сарвазири мамлакат Абдулло Арипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири кишварамонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҷараёни сафар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири кишварамон Абдулло Арипов баргузор хоҳад шуд.

Инчунин, пагоҳ, 12-уми март дар Душанбе мулоқоти сарвазирони ду кишвари бародар дар назар буда, аз натиҷаи он санади дахлдор ба имзо мерасад.