Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон намояндагии вилоятии Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ва имому хатибони шаҳру ноҳияҳо аз аҳолии ниёзманди кумакҳои иҷтимоӣ, пиронсолон ва беморон хабар гирифта, ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Бино ба маълумотҳо, дар ин рӯзҳо аз ҷониби имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъи ноҳияи Ургут бо кӯмаки сарпарастон ба 189 оилаи ниёзманди кумаки моддӣ, ки саробонашонро аз даст додаанд, шахсони ногироидошта маҳсулоти хӯрокворӣ, таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, ёрии моддӣ расонида шуд. Илова бар ин, барои намояндагони 30 оилаи ниёзманд дастархони ифторӣ ороста, туҳфаҳо тақдим гардиданд.
– Худоро шукр, мардуми саховатманду дасткушод дорем, ҳамеша камарбастаи амалҳои савод мебошанд, – гуфт саримом-хатиби ноҳияи Ургут Aбдуғанӣ Ҳасанов. – Тадбиркорон, шаҳрвандоне, ки кори савоб кардан мехоҳанд, ба масҷиду маҳаллаҳо омада дар бораи оилаҳои ниёзманд мепурсанд ва таъкид мекунанд, ки дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳанд. Аксар инсонҳо ба оилаҳое, ки медонанд, ҳамсоягони худ ёрӣ мерасонанд. Баъзе шаҳрвандон ба ҷои баргузории маросимҳои дабдабаноки ифторӣ, хӯроквориҳои ба ин чорабиниҳо сарфшавандаро байни хонаводаҳо тақсим мекунанд. Чунин амалҳои хайр меҳру муҳаббати одамонро нисбат ба ҳамдигар мустаҳкам намуда, ҳамҷиҳатии халқамонро таъмин менамоянд.
Чунин чорабиниҳои хайриявӣ дар ноҳияҳои Булунғур ва Иштихон низ баргузор гардида, ба зиёда аз 130 хонавода ба маблағи 65 миллион сум кӯмаки моддӣ расонида шуд. Аз ҷумла, ба 23 оилаи ниёзманди кумаки иҷтимоии ноҳияи Иштихон маводи хӯрокворӣ тақсим карда шуд.
Амалҳои хайру шоиста дар моҳи муборак
