Ovozi.uz

Пеш аз хоб хӯрдани асал — кони фоида

Хӯрдани шириниҳои шабона зараровар аст, аммо ба миқдори кам истеъмол кардани асал ба организм таъсири шифобахш дорад.
Маҳз дар шаб механизмҳои асосии бадани мо фаъол мешаванд: аз ин рӯ, як қошуқи асал ба бисёртар сӯхтани чарбҳо ва суръатбахшии мубодилаи моддаҳо мусоидат мекунад. Асал ба барқароршавии ҳуҷайраҳои ҷигар таъсир мерасонад, хусусан ҳангоми истеъмоли шабона. Асалро дар якҷоягӣ бо афшураи каду бихӯранд, барои хориҷ кардани токсинҳо аз ҷигар мусоидат мекунад.

Иммунитетро мустаҳкам мекунад:
Барои пешгирии бемориҳои вирусӣ ва бактериявӣ, истеъмоли якҷояи асал ва сирпиёз фоидаи калон дорад. Барои ин ба шумо лозим аст, ки якчанд дона сирпиёзро аз пӯст тоза карда реза кунед ва ба асал илова кунед. Шабона истеъмоли як чой қошуқи ин омехта шуморо пурқувват мекунад.