Соли равон кишварамон ба турнири бонуфӯзи Ҷоми Ҷаҳон оид ба футзал мизбонӣ мекунад.
Дар майдони Регистон гузаронидани маросими қуръапартоии он ба нақша гирифта шудааст. Ин маросимро, ки санаи 26-уми май гузаронида мешавад, зиёда за 200 кишвари ҷаҳон тамошо карда метавонанд.
Дирӯз ҳайате бо сарварии ёвари Президенти ФИФА оид ба футзал Ҳаиме Ярза ба Самарқанд омад. Меҳмононро ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов, Вазири варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Икромов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Р. Эрматовҳо пазироӣ карданд.
Дар майдони Регистон бо вакилони ФИФА масъалаҳои бо савияи баланд ташкил намудани маросими қуръапартоӣ ва гузаронидани он муҳокима карда шуданд. Дар асоси тавсияҳои ФИФА аъзоёни кумитаи ташкилӣ тасдиқ гардида, ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Барои маълумот бояд гуфт, ки вохӯриҳои Ҷоми Ҷаҳон-2024 оида ба футзал аз 4-уми сентябр то 6-уми октябр идома меёбанд.
Маросими қуръапартоии Ҷоми Ҷаҳон оид ба футзал дар Самарқанд гузаронида мешавад
