Шифохонаи табиат
Мизоҷи растаниаш хунук ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: пӯшидани либоси зағирпоягӣ ҷароҳати баданро дафъ, арақи баданро кам ва хушк мекунад; барои иллатҳои қӯтур, хориши бадан ва варами сахт фоида дорад; ин яке аз либосҳои одамони гарммизоҷ ва фасли гармо мебошад.
Хоҳ нахаш ва хоҳ гиёҳашро сӯхта дудашро бигиранд, гиреҳи магзи сар ва зукомро мекушояд, ҳоли нохуши бачадонро ислоҳ мекунад. Агар сӯхтаи инро бипошанд, хуни равони ҷароҳатро манъ мекунад ва захми онро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад. Инчунин даруни захмҳоро бо латтаи зағирпоягӣ пур кунанд низ, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад.
Гули зағирро бихӯранд, фараҳ меоварад, дилро қавӣ мегардонад. Ранги тухмаш гуногун аст: зарди тира, моил ба сурхӣ, қисме сиёҳ ва навъе аз он сафед аст. Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: тухмашро кӯфта, бо оби хунук сиришта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз варам кардани пардаҳо ва худи майна бошад, шифо мебахшад; хориши майнаро дафъ мекунад ва захмҳои сарро ба ибро меоварад.
10 грамм тухми зағирро дар 200 грамм об биҷӯшонанд, он об моддаи шилмак мегардад, ҳамин луоби тухми зағир ҳисоб меёбад. Луоби тухми зағирро дар чашм чаконанд ё онро ба чашм бимоланд, сурхии онро дафъ мекунад.
Зағирро кӯфта, бо асал хамир сохта, лесида бихӯранд, сурфаи балғамиро шифо мебахшад. 20-грамм тухми зағирро кӯфта бихӯранд, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок мегардонад, варами ҷигарро пазонида таҳлил медиҳад ва дигар узвҳои бадан варам карда бошанд, варами онҳоро мегардонад. Агар ин миқдорро бирён карда, кӯфта бихӯранд, хун қай кардан ва сурфаи тарро шифо мебахшад.
Ҳар рӯз 2,25 грамми онро кӯфта бихӯранд, дарди рӯдаҳоро нест мекунад, пешобро меронад, арақ меоварад, дарунро мулоим мегардонад, захми гурда ва хичакро ба ибро меоварад.
Мизоҷи равғани зағир гарм ва тар аст. Агар равғани зағирро бо равғани гули сурх ҳамроҳ карда, бо он ҳуқна кунанд, дарди ҷароҳати рӯдаҳоро таскин медиҳад.
Ин равғанро аз рӯ бимоланд, дарди дилро таскин медиҳад, шукуфаи пӯст ва ҷароҳатро шифо мебахшад, инчунин дарди ҷароҳатро ҳам сокин мекунад. Равғани зағирро хоҳ доғ карда ё доғ накарда биёшоманд, кулинҷи инсонро, ки ба забони русӣ колит меноманд, дафъ мекунад. Агар инро бардавом бимоланд, чашмро заиф мекунад — давои ин зарарҳояш сиканҷабин хӯрдан аст.
