Ин самари маълум аст ва навъҳои бешумор дорад. Харбуза ҳарчанд ширинтар ва гуворотар бошад, хубтар аст ва ҳарчанд шахшӯлтар ва бемазатар бошад, барои табобат бад аст.
Мизоҷи харбузаи миёнаҳол дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил аст, вале тариаш дар дараҷаи дувум мебошад. Ширини он дар охири дараҷаи дувум гарм. Вале мизоҷи ҳандалак дар гармиву тарӣ мӯътадил аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани харбуза дарунро пок мегардонад, зуд таъсиркунанда аст, майнаро аз рутубат таъмин мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд; барои иллатҳои истисқо (водянка) ва зардпарвин фоида дорад, хусусан дар гармаки он ин хислат зиёдтар аст; инчунин шири занҳо, пешоб ва арақро равон мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Ҳангоми хӯрдани ин дар бадан кадом хилт, ки бисёр бошад, ин ҳам ба ҳамон модда ҳамроҳ мегардад ва табдил меёбад. Ва агар дар одамоне, ки фишори хунашон баланд ва моддаи сафро дар бадани онҳо зиёд бошад, дарди чашм пайдо мекунад, инчунин дар касони гарммизоҷ низ чунин аст. Агар инро бисёр ва бардавом бихӯранд, ҳар чӣ аз ахлоти мавҷуда дар меъда бар он бирасад, шуста мебарад, ҳоли бади гурдаро ислоҳ мекунад, захмҳои ботиниро шифо мебахшад, шикамро мулоим менамояд ва баъзан дарди сар ҳам медиҳад.
Агар одамоне, ки ба хӯрдани ин одат накарда бошанд, аз болои таом дарҳол харбуза хӯранд, зуд дарунро меронад; агар инро ба дили наҳор бихӯранд, ба табҳои гарм гирифтор мекунад. Агар бо ғизоҳои вазнин, масалан, бо панир бихӯранд, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад. Беҳтарин вақти тановули он мобайни ду таом аст, ки таоми аввал хӯрдашуда ҳазм ёфта, аз меъда фуромада бошад. Ва агар ин зарар кунад, сирко бинӯшанд, зиёнашро барҳам медиҳад.
Тухмашро кӯфта гузошта банданд, варам ва дарди чашмро сокин мегардонад, инчунин варамҳои сахтро таҳлил медиҳад.
Мизоҷи тухми харбуза дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар аст. Агар инро бихӯранд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд, пешобро меронад, гурда, хичак ва рӯдаҳоро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, дарунро мулоим мекунад, бодро бармеангезад, моддаҳои беҳаракатмондаро ба ҷунбиш меоварад, сурфаи гармро даво мешавад, дарди узвҳои даруни синаро таскин медиҳад, дағалии ҳалқ ва забонро ислоҳ мекунад, табҳои гарм ва мураккабро басанда месозад, ташнагиро мешиканад, сӯзиши пешобро (сӯзокро) сиҳат мебахшад. Барои расонидани қуввати давоҳо ба ҷигар ва ба роҳҳои пешоб бағоят таъсирбахш аст.
Харбуза ва фоидаи ӯ
