Дар натиҷаи ба канали Мирзочӯл сарозер шудани мошини русуми Nexia -2 дар шаҳри Ширини вилояти Сирдарё 5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Маълум мегардад, ки рӯзи 17 -уми июн соати 13:00 содир гардидааст. Ронанда ҳангоми аз купрук гузаштан идораи чамбараки мошинро гум карда, панҷараҳои купрукро шикаста ба канал афтодааст. Дар ин бора хизмати Матбуоти корҳои дохилии вилоят хабар медиҳад. Аз тарафи гурӯҳи халоскорони зудамали вазъиятҳои фавқуллода ва ғаввосон ҷасади беҷони 3 нафар мусофир ва ронанда инчунин, мошин аз даруним об бароварда шудааст. Ҳоло як нафари дар дохили мошинбударо мекобанд. Ҳоло аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ корҳои тафтишотӣ давом дорад.
Дар вилояти Сирдарё Nexia ба канал сарозер шуда, боиси марги 5 нафар гардидааст
