Давомнокии муътадили вақти корӣ чанд соат аст?
Давомнокии вақти кории кўтоҳкардашуда барои киҳо муқаррар карда мешавад?
Оё дар ташкилоти давлатӣ якҷоя кор кардани хешовандони наздик мумкин аст?
Киҳо шартномаи меҳнатӣ имзо карда метавонанд?
Оё барои шартномаи меҳнатӣ имзо кардани донишомӯзоне, ки ба синни понздаҳ нарасидаанд иҷозат дода мешавад?
Дар рафти семинар-тренинге, ки рӯзи 24‑уми апрели соли равон дар шаҳри Самарқанд таҳти ташаббуси Агентии Фаронса оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд (ACTED) дар мавзӯи «Меъёрҳои муҳими Кодекси нави меҳнат» гузаронида шуд, коршиносони соҳа дар ин бора маълумот доданд.
Семинар бо мақсади афзунсозии огоҳии кормандони сектори хусусӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ дар бораи ҳуқуқҳои меҳнат, созмон ва рушди муҳити созгори ҳамкорӣ дар ин самт ташкил гардида, дар он доктори фалсафа оид ба фанҳои техникӣ «(PhD), коршиноси соҳаи меҳнат Нодира Ғоибназарова дар бораи стандартҳои байналмилалӣ ва миллии меҳнат, навигариҳои муҳими Кодекси меҳнат, ҳуҷҷатҳои дигари меъёрӣ ва локалӣ оид ба меҳнат, таъмини шуғл, ҳифзи иҷтимоӣ, тартиб ва талаботи имзои шартномаи меҳнатӣ, шароитҳо ва муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайра ҳарф зад.
— Шароити меҳнат ва муҳити меҳнатӣ барои ҳар як корманд хеле зарур буда, аз се як ҳиссаи умри кормандон дар он мегузарад, — гуфт Нодира Ғоибназарова. — Ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад. Мувофиқи омори Созмони байналмилалии меҳнат, ҳамарӯза дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 5–6 ҳазор одам дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ талаф меёбанд, ки он дар як сол қариб то 2 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷаҳон 36,1 дарсади кормандон аз нишондоди вақти муқаррарӣ бештар кор мекунанд. Яъне, дар як ҳафта 48 соат фаъолияти кориро анҷом медиҳанд. Мувофиқи моддаи 182‑юми Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон давомнокии муътадили вақти корӣ дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад. Инчунин, давомнокии кўтоҳкардашудаи вақти корӣ мавҷуд аст, ки дар моддаи 183‑юми кодекс дар ин маврид сухан меравад. Он барои гурўҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти уҳдадории меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо бо қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат, инчунин шартҳои шартномаи меҳнатӣ бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад. Давомнокии вақти кории кўтоҳкардашуда ба кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд, кормандони ногироидоштаи гурӯҳҳои I ва II, ходимоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ зарарнок машғуланд, гурўҳи алоҳидаи кормандон (духтурон, омўзгорон ва дигарон), ки кори онҳо бо шиддати баланди эҳсосотӣ, зеҳнӣ, асабӣ алоқаманд аст, ба падар ё модаре, ки корманди ташкилоти буҷет ҳастанд ва кӯдаки синнаш то сесола доранд, муқаррар карда мешавад.
Дар идома дар бораи тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ маълумот дода шуд. Зикр гашт, ки мувофиқи моддаи 110‑уми таҳрири нави Кодекси меҳнат шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати номуайян ва ба муҳлати муайяни на беш аз се сол баста мешавад. Агар дар шартномаи меҳнатӣ муҳлати амали он нишон дода нашуда бошад, шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисоб меёбад.
Мувофиқи моддаи 118‑уми кодекс шаҳрванде, ки ба синни шонздаҳ расидааст, метавонад ҳамчун корманд шартномаи меҳнатӣ имзо намояд. Дар ҳолати истисно бо таълимгирандагоне, ки ба синни понздаҳ расидаанд, бо мувофиқаи падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории мамлакатамон онҳоро ивазкунанда бе халалдор кардани раванди таълим метавонанд шартномаи меҳнатӣ банданд. Ғайр аз ин, таълимгирандагоне, ки ба синни понздаҳ нарасидаанд ва дар ташкилотҳои фарҳангӣ, телевизион, гуфторҳои радио ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ, инчунин, варзишгарони касбӣ бе зарар расонидан ба саломатӣ ва инкишофи маънавиашон метавонанд бо рухсати падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ё мақомоти васигӣ, ё ки сарпарастӣ барои офаридани асарҳо, иҷрои нақшҳо шартномаи меҳнатӣ имзо намоянд. Дар чунин ҳол шартномаи меҳнатӣ аз тарафи падару модар ё онҳоро ивазкунанда имзо карда мешавад.
Инчунин, дар семинар-тренинг таъкид гардид, ки мувофиқи моддаи 121‑уми кодекси нав дар як ташкилоти давлатӣ кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутаборӣ (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин падару модар, хоҳару бародар ва фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда мешавад. Истисноҳо барои ин қоида аз тарафи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар мегардад.
Дар анҷом бо ташкили гурӯҳҳои хурд саволу ҷавоб, бозиҳои шавқовар доир гардида, дар мавзӯи муносибатҳои меҳнатӣ саҳначаҳо гузошта шуд.
Ф.ЮЛДОШЕВ
