Ҳар як давраи таърихи башарият роҳи омӯзиши масъалаҳои фалсафиро интихоб намуда, онро аз нуқтаи назари замони худ таҳлил намудааст. Ҷаҳонбинии фалсафӣ, ки дар заминаи ҷаҳонбинии мифологӣ ва динӣ ба вуҷуд омадааст, ба марҳилаи нави ҳаёти маънавии инсон бархост ва дар натиҷа зарурати омӯзиши олам бо ақл, потенсиали тафаккур, яъне заминаи шинохти илмии ҷаҳон ба вуҷуд омад. Гарчанде ки дар таърихи фалсафа дидгоҳ, система ва ғояҳои гуногун, ҳатто зиддиятнок ба вуҷуд омадаанд, ҳамаашон то андозае ба рушди афкори фалсафӣ саҳм гузоштаанд.
Беҳуда нест, ки Шарқ ҳамчун маркази фарҳанги қадим ва гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ тавсиф карда мешавад. Ҳамон тавре, ки дар омӯзиши таърихи фарҳанги Ғарб аз назарияи евросентризм дур шудан аз ҷиҳати илмӣ ғайриоддӣ аст, муҳим аст, ки ҳангоми таҳлили ҷанбаи Шарқ масъала зери таъсири ғояҳои осиёсентризм қарор нагирем. Дар баробари ин, барои касе пӯшида нест, ки осори гаронбаҳои мутаффаккирони Шарқ, рушди фарҳангии он дар гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ, саҳми шоиста дар рушди мардуми ҷаҳон аст. Ин далелро тамоми олимони маъруфи ҷаҳон эътироф мекунанд. Дар баробари ин, ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки тамаддуни Ватани мо яке аз қисми асосии тамаддуни Шарқ буда, арзишҳои онро инъикос мекард, ки ба фарҳанги ҷаҳонӣ таъсири бузург дошт.
Аврупоиҳо низ аз дастовардҳои фалсафа ва фарҳанги исломии асримиёнагӣ баҳра бурдаанд. Мутахассиси арабшиноси ирландӣ М.Ватт бар хилофи дигар уламои аврупоӣ дар асари «Таъсири Иислом ба Аврупои асримиёнагӣ»-и худ далели зеринро эътироф кардааст: «Аврупоиҳо пурра дарк намекунанд, ки онҳо аз фарҳанги мусулмонӣ, бахусус дар соҳаи фалсафа ва тиб чӣ қадар қарздор ҳастанд. Мо аксар вақт кӯшиш мекунем, ки таъсири мусбӣ ва доираи фарҳанги мусулмониро ба ҳадди ақал кам кунем ё ҳатто сарфи назар намоем. Муносибати хуби мо бо мусулмонон моро водор мекунад то дарк кунем, ки чӣ қадар аз онҳо қарздорем. Пинҳон кардан ё иқрор накардани он ҷуз ғурури сохта чизе нест».
Мутафаккирони Осиёи Миёна мушкилоти илму фалсафаро дар чаҳорчӯби таълимоти исломӣ аз нигоҳи маърифати дунявӣ ва динӣ омӯхтаанд. Дар мероси илмию фалсафии ниёгони бузурги мо принсипҳои синергетика, ки на танҳо методологияи анъанавӣ, балки методологияи муосир ба ҳисоб мераванд, маъно ва моҳияти мафҳумҳои синергетикӣ, аз қабили сохтори мураккаб, унсурҳои он, тартибу низом, бетартибӣ, ноустуворӣ, устуворӣ, бифуркатсия, флуктуатсия, зарурат ва тасодуф, тарзи тафаккури ғайрихаттӣ ба таври ба худ хос баён карда шудааст.
Яке аз чеҳраҳои илмие, ки дар ибтидои асрҳои миёна зиндагӣ ва эҷод намудааст — олими табиатшинос ва қомусӣ Закариёи Розӣ (868–925) ба ҳисоб меравад, ки муддате дар Осиёи Миёна кор карда, бо фаъолияти илмии худ саҳм гузоштааст. Ин донишманд дар рисолаҳои худ қонунҳо ва вижагиҳои ҳастӣ, табиат, инсон ва коинотро тадқиқ кардааст. Донишманди бузург Абӯрайҳони Берунӣ дар пажӯҳишҳои илмии худ ба осори илмию фалсафии Закариёи Розӣ такя намуда, ба тавоноии донишманди қомусӣ баҳои баланд додааcст, ки олими аврупоӣ Р. Валтер дар ин бора чунин менависад: «Олими ислом — мусулмон Ал-Берунӣ Ар-Розиро ҳамчун файласуф ва муҳаққиқ омӯхта, аз эҳтимол дур нест, ки ба вай баҳои баланд додааст».
Воқеан, Ар-Розӣ дар рисолаи худ бисёре аз масоили илмиву фалсафӣ, аз ҷумла ба фаъолияти қонунҳои синергетикӣ дар олам ва инсонро таъкид кардааст. Масалан, ӯ ҳодисаҳои тартибот ва бетартибиро дар вуҷуд чунин шарҳ медиҳад: «Азбаски асоси ҷисмҳо чизи муайян, яъне материяи аввалия аст ва зарраҳои он дар ин ҷисми ҳамаро фарогиранда, ки олам ном дорад, ҳамроҳ шудаанд, вақте ки баъзе ҷисмҳо ба ҳам пайванд ҳастанд ва баъзе ҷисмҳо аз дигарон болотар қарор доранд, — мегўяд ў — ҳамин ақида худ исбот мекунанд, ки ҷавҳари аввалия тобеъ набудааст ва тобеияти он (дунё) бо мавҷудияташ якҷо пайдо шудааст. Он пеш аз ба вуҷуд омаданаш пароканда буд ва пас аз он ки ҷаҳон нобуд шавад, то абад ба таври пароканда хоҳад монд». Ин бошад ҳолатҳои тартибот ва бесарусомонӣ, инчунин равандҳои бифуркатсияро дар равандҳои эволютсионии коинот ифода мекунад. Розӣ ин қонунҳоро дар табиат шарҳ дода, онҳоро махсусан дар ҷараёнҳои химиявӣ озмуда, дар рисолаҳои илмию таърихӣ қайд кардааст.
Донишманди бузург Муҳаммад Мусо ал-Хоразмӣ, ки дар рушди илми асрҳои миёнаи Шарқ саҳм гузоштааст ва ба Академияи Маъмун сарварӣ мекард, дар қатори дигар соҳаҳои илм дар риёзиёт, алгебра, астрономия ва геометрия бозёфтҳои муҳими илмӣ кардааст. Олими ҳамватани мо Г. Ҷалолова таҳқиқ кардааст, ки мутафаккирони Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда ба ҳамгироии донишҳо, ки яке аз омилҳои муҳими методологияи синергетикӣ маҳсуб мешавад, муроҷиат кардаанд ва дар ин бора хидматҳои Муҳаммад Хоразмиро дар мисоли санъати орнаменталии тамаддуни исломӣ чунин эътироф намудааст: «Дар санъати орнаменталии тамаддуни исломӣ анъанаи бо «гиреҳ» ном нақшҳо ороиш додани мақбара ва масҷидҳо бори аввал дар асри XII пайдо шудааст. Гиреҳҳо ифодаи амалии муносибати байни фанҳо мебошанд. Зеро дар асоси онҳо низ ғояҳои риёзӣ аз қабили ғайридаврӣ, симметрия, асимметрия нуҳуфтаанд, ки аз маҳорати ба худ хоси олими математик далолат медиҳанд.
Вазифаҳои мураккаби техникие, ки дар сохтмони сохторҳои ирригатсионӣ, қалъаҳои гуногун ва қасрҳои серошёна иҷро мешуданд, ҳисобу китоби математикиро тақозо мекард. Дар натиҷа, математикишавии дониш дар фалсафаи асримиёнагии Осиёи Миёна ба зинаи нав баромад. Мафҳуми «алгоритм» мисоли равшани ин раванд аст. «Алгоритм» ҳамчун усули ҳалли масъалаҳои вобаста ба алгебра бори нахуст аз ҷониби Хоразмӣ ба илм ворид карда шуд.
«Истилоҳи «алгоритм» аз номи мутафаккири бузург гирифта шуда, сохторҳои амалиёти маълумест, ки он баъдтар ба шуморабандӣ (рақамгузорӣ)-и доир ба сохтори шумораи мавқеъӣ, ҳоло бошад, як тартиби муайяни собитест, ки ба ҳалли масъалаи додашуда, инчунин ба маънои васеъ ба амалӣ намудани ҳадафи гузошташуда нигаронида шудааст». Муодилаҳои хаттӣ ва квадратӣ то Хоразм ба илм маълум буданд. Аммо онҳо ҳамеша роҳҳои ҳалли гуногун доштанд. Қоидаҳои умумӣ, ягона ва алгоритмҳои барои ҳамаи онҳо қабулшуда вуҷуд надоштанд».
Хидмати бузурги Хоразмӣ дар он аст, ки ин муодилаҳоро на танҳо барои тафаккур, балки барои иҷрои вазифаҳои амалӣ, рӯзмарра эҷод мекунад, яъне абстрактӣ ҳамеша дар конкретӣ ифодаи худро меёбад. Тавассути чунин бархӯрдҳо Ал-Хоразмӣ мутафаккире ҳисоб меёбад, ки аслан таҳкурсии тамоюли риёзӣ ва мураккабиро дар илми синергетика гузоштааст. Вай тавассути кашфиёти илмии худ тафаккури назариявиро аз шинохти абстрактӣ ва яктарафаи предмет ба тасаввуроти конкретии он, ки ба қонуни умумии инкишофи донишҳои инсон, синергетика ва принсипи асосии мантиқ асос ёфтааст, наздик кард. Дар он замон ва имрӯз ҳам аҳамияти ин равиш ниҳоят бузург буда, маҳз дар заминаи ҳамин методологияи ба худ хоси мутафаккир дар илмҳои дақиқ, аз ҷумла дар риёзӣ ва геометрия васеъ истифода мешавад.
Баҳодур РАҲМОНОВ,
доктори фалсафа оид ба фанҳои фалсафа.
(Давом дорад).
