Ovozi.uz

Дар Самарқанд маркази замонавии ҷарроҳӣ кушода шуд

Дар доираи Симпозиуми байналхалқии Самарқанд — Санкт-­Петербург, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд дар мавзӯи «Таҷрибаҳои замони ҳозира дар хирургияи амалӣ» гузаронида мешавад, бинои нави клиникаи ҷарроҳии бисёрсоҳавии донишгоҳ кушода шуд.
Бинои нави ҷарроҳӣ дорои 200 ҷой буда, бо ташаббуси роҳбари кишварамон бунёд гардидааст. Бунёди бинои панҷошёна, ки ба лоиҳаи андозаҳои байналхалқӣ асос ёфтааст, дар соли 2021 оғоз гардида, қариб чор сол идома ёфт. Дар ин ҷо корҳои сохтмонӣ-­бунёдкории 64‑миллиард сӯмина ба итмом расонида шуданд.
Дар маросими кушодашавии бино ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов, Вазири ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асилбек Худоёров, Витсе-губернатори Санкт-­Петербург Олег Эргашев таъкид намуданд, ки маркази нав ба рушди сифати ёрии тиббиӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунад.
— Солҳои охир халқамон ислоҳотҳои соҳаи тибро дар ҳаёти худ эҳсос менамояд, — гуфт Э. Турдимов. — Аз ҷумла, имрӯзҳо дар Самарқанд аз 261 навъи ҷарроҳии сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида шудани 243 навъи амалиёти ҷарроҳӣ далели рушди соҳа ва мустаҳкамшавии базаи моддӣ-­техникии муассисаҳои тиббӣ дар вилоятамон мебошад. Танҳо дар соли 2023 дар муассисаҳои тиббии вилоят дар асоси маблағҳои сармоягузорӣ ва буҷаи маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ-­азнавсозии 133 миллиард сӯмина амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, филиали вилоятии Маркази илмии ёрии таъҷилии ҷумҳурӣ ба бинои нав гузашт, бинои бемористони касалиҳои пӯст бунёд гардид, барои маҷмӯаи таваллудхонаи рақами 1‑и шаҳри Самарқанд дар мавзеи Қаросув бинои наву замонавӣ қад афрохт.
Дар бинои нави ҷарроҳӣ шӯъбаҳои поликлиникаи маслиҳат, реабилитатсия, офталмология, ангиохирургия ва хирургияи рентгенэндоваскулярӣ, трансплантатсияи ҷигар, трансплантатсияи урогинекология ва гурда, анестезиология ва реаниматсия ташкил гардидааст.
Иштирокдорони чорабинӣ бо шароитҳои бино шинос шуданд.

Ғ.ҲАСАНОВ.