Рӯзи 26‑уми апрели соли 2024 сессияи навбатии наваду ҳаштуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э. Турдимов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ карданд.
Дар сессия ҳисоботи директори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Самарқанд сув таъминоти» («Таъминоти оби Самарқанд») К.Юсуфов роҷеъ ба вазъи иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23‑юми октябри соли 2023 «Дар бораи чораҳои иловагии боз ҳам такмил додани таъминот бо оби ошомиданӣ ва сохтори оби партов» таҳти рақами ҚП‑343 дар вилоят шунида шуд.
Таъминот бо оби ошомиданӣ
Таъкид гардид, ки имрӯз 75,4 дарсади (3,1 млн. нафар) аҳолии вилоят ба тарзи марказонида бо оби нӯшиданӣ таъмин шуда, 24,6 дарсад қисми боқимондаи (1,0 млн. нафар) аз манбаъҳои алтернативӣ (чашма, оби зеризаминӣ ё ки кашонда) об истеъмол мекунанд.
Ҳоло дар баланси ҶММ «Самарқанд сув таъминоти» 1970 дона иншооти об мавҷуд буда, 523 дона, яъне 31 дарсади онҳо таъмирталабанд. Дарозии шабакаҳои об 7375,1 километрро (813,6 км, 11 дарсади онҳо таъмирталабанд) ташкил мекунад.
Дараҷаи таъминот бо хизмати оби партов
Дар вилоят дараҷаи таъминот бо хизмати оби партов 20,6 дарсад аст. 31‑то иншоот оби партовро тоза мекунанд. Инчунин, 780,2 км. шабакаҳои оби партов гузаронида шудааст.
Бо мақсади беҳдошти шароити зисти аҳолии диёрамон, барои онҳо фароҳам овардани муҳити мусоид ва қонеъ кардани эҳтиёҷоти онҳо корҳои бунёдкорӣ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, бар асоси қарори 343‑уми роҳбари давлатамон як қатор корҳо амалӣ мешаванд.
Дар иловаи 4‑уми қарор барномаи беҳдошти таъминоти об дар маҳаллаҳое, ки он хуб нест, аз ҷумла дар солҳои 2024–2025 дар 85‑то маҳаллаи вилояти Самарқанд сохтани сохторҳои таъминоти оби ошомиданиро ба нақша гирифтаанд. Бар асоси барномаи соли 2024 39,2 км. шабакаи об ва 8 дона иншооти обро сохта, тармим мекунанд.
Дар иловаи 9‑уми қарор нақша-ҷадвали дар соли 2024–2026 гузоштани ҳисобкунакҳои оби ошомиданӣ таҳия шуда, дар вилояти Самарқанд ба 52617 нафар истеъмолчиён гузоштани ҳисобкунаки об муқаррар гардидааст. Нақша барои соли равон 14000‑то буда, дар амал онро ба 85 дарсад иҷро карданд. То охири сол нақша барзиёд иҷро хоҳад шуд.
Дар иловаи 11‑уми қарор бар асоси нақша-ҷадвали дар солҳои 2024–2026 бо насосҳои сарфакунандаи қувваи электр иваз кардани насосҳои дар объектҳои корхонаҳои сохтори ҶС «Ӯзсувтаъминот» мавҷудбуда дар иншоотҳои таъминоти оби Самарқанд гузоштани 492‑то насосҳои сарфакунандаи қувваи электр муайян гардидааст.
Дар нақшаи соли 2024 иваз намудани 97‑то насос пешбинӣ шуда, то имрӯз ҶС «Самарқанд сув таъминоти» 23‑то насосро бо насосҳои сарфакунандаи қувваи барқ иваз кардааст. Инчунин, 24‑то чунин насосҳо харида, захираи онҳоро ташкил намудаанд.
Дар сессия роҷеъ ба ҳисоботи мазкур ҳокими вилоят ва намояндагони халқ оиди масъалаҳои ба рӯйхат гирифтан ва бартараф кардани қарзҳои муддаташон гузашта барои хизматҳои таъминот бо оби ошомиданӣ ва оби партов, инчунин, анҷом доданикорҳои пайвастаи тарғиботӣ бо шаҳрвандоне, ки аз сохтор ғайриқонунӣ истифода мебаранд ва ғайра фикр баён намуданд.
Таъкид гардид, ки сол аз сол дар тамоми дунё норасоии об беш аз пеш ҳис карда мешавад, бинобар ин мутасаддиён ба масъалаи сарфаи об бо масъулият бояд нигоҳ кунанд. Бесабаб «Об – зар, мироб — заргар» нагуфтаанд.
Дар сессия инчунин масъалаҳое аз қабили:
— дар бораи тасдиқ кардани қарори ҳокими вилоят аз 2‑юми апрели соли 2024 «Дар бораи ба вазифаи ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд доир ба корҳои сиёсати ҷавонон, ривоҷдиҳии иҷтимоӣ ва маънавӣ-маърифатӣ таъин кардани Тӯхтаев Ҳусен Мирзоевич» таҳти рақами 76–7–0‑қ/24;
— дар бораи тасдиқ кардани қарори ҳокими вилоят аз 19‑уми марти соли 2024 «Дар бораи ба вазифаи директори муассисаи давлатии «Компанияи инжиниринги роҷеъ ба таъмири биноҳои бисёрошёна»-и тобеи ҳокимияти вилояти Самарқанд таъин кардани Абдуллоев Отабек Азимҷонович»;
— ахбори намояндаи минтақавии вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳуқуқҳои инсон (Омбудсман) дар вилоят Д. Ҳусейнов роҷеъ ба корҳое, ки дар соли 2023 амалӣ гардидаанд (маводро роҷеъ ба ин масъала дар шумораи ояндаи рӯзнома хоҳед хонд);
— дар бораи тасдиқи миқдори тарифҳои пардохти ҳатмӣ барои хидматрасонӣ аз рӯйи ҷамъоварӣ ва кашондани партовҳои маишӣ дар минтақаҳо;
— дар бораи ворид кардани тағйирот ба ҳудуд(сарҳад)-и Минтақаи саноатӣ ва тадбиркории ҷавонони ноҳияи Пастдарғам;
— дар бораи бар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба пурзӯр намудани масъулияти шахсии ҷонишинҳои роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷрои маҳаллӣ бобати иҷрои вазифаҳои дар ӯҳдаашон гузошташуда» таҳти рақами ҚП‑5230 тасдиқ кардани иҷрои нишондиҳандаҳои самарадории фаъолияти ҷонишинҳои ҳокими вилоят дар чоряки I ва тасдиқи нақшаҳо барои чорякҳои II, III, IV соли 2024;
— дар бораи дар асоси қарори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10‑уми феврали соли 2024 таҳти рақами SQ‑875- IV тасдиқ кардани барномаи чораҳои маҷмӯӣ аз рӯйи татбиқи Стратегияи ноил шудан ба баробарии гендерӣ то соли 2030 дар вилоят барои соли 2024;
— дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят;
— дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба боз ҳам беҳтар кардани муҳити бизнес дар вилоят;
— дар бораи роҳандозии ҳамкории депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ ва сенаторҳо бо «Ҳафтгонаи маҳалла» дар ҳал кардани муаммоҳои маҳаллаҳо муҳокима гардида, оиди онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Об — зар, мироб — заргар
