Ovozi.uz

«40-рӯзаи зарбдор» дар роҳи ҳимояи растаниҳо

Бо мақсади ҳимояи ғаллазороҳо аз касалиҳои занг, кирми шилимшуқ, шира, трипс, алафҳои бегона ва дигар ҳашаротҳои зарарасон Садорати ҳимоя ва карантини растаниҳои вилоят «40_рӯзаи зарбдор» эълон карда буд. Оиди иҷрои корҳо дар ин чилрӯза ҷонишини сардори садорат Файёз Маллаев дар нишасти матбуотӣ ба ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ маълумот пешкаш кард.
Аз маърӯзаи ӯ маълум гардид, ки дар 267115 гектар майдони ғаллазор ба тарзи биостимулятори байнибаргӣ ғизо дода шуд.
Дар миқёси вилоят аз ҷониби 13 агрокластер ва хоҷагиҳои фермерӣ ба майдони 104230 гектар тухми пахта кишта шудааст. Дар майдони 94230 гектар, ки эҳтимоли пайдо шудани алафҳои бегонаи дупаллагии яксола вуҷуд дорад, бар зидди онҳо коркарди кимиёвӣ гузаронидаанд. Инчунин, дар дигар майдонҳои пахта пайдо шудани касалӣ ва зараркунандагонро ба назар гирифта, чораҳои зарурӣ андешидаанд.
Бар зидди кирми ордмонанди арча ҳам 30_рӯзаи зарбдор эълон карда, як қатор чорабиниҳо дар роҳҳои вилоят, хоҷагиҳои ҷангал ва дигар маконҳои сабз ташкил карда шудаанд. Дар ҳар як шаҳру ноҳия ходимони шӯъбаҳои назоратии ҳимоя ва карантини растаниҳо якҷоя бо кормандони хоҷагии қишлоқ ва садоратҳои ободонӣ барномаи чораву тадбирҳоро таҳия карда, муборизаро бар зидди организмҳои зараррасон ба роҳ мондаанд.
Дар ҳудуди вилоят 86623 адад арчаи 141 гектар майдон аз назорат гузаронида шудаанд. Дар 512 арчаи можевиликии 2 гектар майдон зараррасонии кирми ордмонанд аниқ гардидаанд. Майдонҳое, ки аз кирми ордмонанд зарар дидаанд, чорабиниҳои кимиёвию агротехникӣ ва ғайра гузаронида шуданд.
Дар рафти анҷуман, ки аз ҷониби журналистон саволҳои зиёде ба миён омаданд, масъалаҳои пешгирии воридшавии бемориҳо ва ҳашароти зараррасон ба қаламрави вилоят тавассути содирот ва воридот, инчунин чораҳое, ки аз ҷониби ходимони садорати ҳимоя ва карантини растанҳо ҳангоми пайдо шудани касалиҳои нави растаниҳо амалӣ мегарданд, муҳокима шуданд.

М.ҶУМЪАЗОДА