Дар синфҳои ибтидоӣ инкишоф додани нутқи шогирдон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, омӯзгорони синфҳои ибтидоиро лозим меояд, ки бештар ба нутқи гуфторӣ ва хаттии хонанда аҳамият дода, барои диққати донишомӯзро ба мактабу донишомӯзӣ бештар ҷалб намудан, дарси худро мувофиқи талаботи замони муосир ташкилу ба роҳ монанд ва доимо дар ҷустуҷӯ бошанд.
Вазифаи асосӣ ва аввалиндараҷаи онҳо дар сатҳи олӣ, бомаърифат, босавод ва эҷодкор тарбия намудани донишомӯзон мебошад.
Барои ба ин мақсад ноил гардидан муаллимонро зарур аст, ки дар рафти бозомӯзии мавзӯъҳои забони модарӣ ва хониш аз ҳар гуна усулҳои интерфаъол истифода намоянд.
Яке аз чунин усулҳо, ки бевосита барои инкишофи тафаккури мантиқӣ ва нутқи хонандагон мусоидат мекунад, усули «Мактуб» мебошад.
Аз ин усул барои мустаҳкам намудани мавзӯи гузашта ё мустаҳкамсозии мавзӯи нав истифода бурдан мумкин аст. Барои ин, пеш аз ҳама муаллим саволҳоро аз рӯйи мавзӯи нав ё гузашта дар дохили мактубчаҳо ҷойгир мекунад. Сипас, онҳоро дар байни хонандагон тақсим менамояд. Пеши донишомӯзон вазифа гузошта мешавад, ки саволи даруни мактубро гирифта, ба он ҳар чӣ зудтар ҷавоб диҳанд. Бо дарназардошти иштирок ва ҷавоб ба хонандагон баҳо гузошта мешавад.
Усули дигаре, ки барои такмили нутқи хонандагон хидмат мекунад, усули «Чатр» мебошад. Мувофиқи ин усул муаллим як қатор саволномаҳоро ба чатр меовезад. Сипас, сурудеро дар васфи борон мегузорад ва хонандагон дар атрофи чатр давр мезананд. Баробари қатъи суруд хонандагон саволномаҳоро медоранд ва онро гирифта, ба савол ҷавоб медиҳанд. Дар ин усул ба ҷои саволнома чистон гузоштан ҳам мумкин аст.
Усули «Калимаёбак» низ аз усулҳои хуб мебошад, ки дар ривоҷдиҳии нутқи гуфторӣ ва хаттии донишомӯзон аҳамияти муҳим дорад. Дар ин усул ба хонандагон калимаҳои пароканда тақдим гардида, пеши онҳо вазифа гузошта мешавад, ки аз калимаҳои пароканда ҷумлаҳо тартиб диҳанд.
Бояд гуфт, ки ҳоло эътибор ба сифати таълим афзудааст. Вақти он расидааст, ки аз шакли таълиму тарбияи қолабӣ берун баромада, ин равандро дар сатҳи муайян мувофиқи талаботи таълим инкишоф диҳем ва дар ҷараёни дарс аз усулҳои замонавӣ истифода барем.
Зарина ҲАЛИМОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 43 и ноҳияи Самарқанд
Корбурди усулҳои замонавӣ дар ҷараёни дарс
