Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, Хадамоти амнияти давлатӣ барои аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои коррупсия ва бархӯрди манфиатҳо фаъолона кор мебаранд.
Дар яке аз чорабиниҳои зудамали ходимони Садорати хидмати амнияти давлатӣ дар вилояти Самарқанд, М.Ҷ., соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Самарқанд, ки дар вазифаи консултанти молиявии маркази хизматрасонии бонкии «Суғдиёна»-и бонки ипотекаи тиҷоратии аксиядории «Ипотека-банк» фаъолият нишон медод, ба шаҳрванди маҳаллӣ гуфтааст, ки дар гирифтани 700 миллион кредити ипотекӣ ба ӯ ёрӣ медиҳад ва дар ивази ин, аз шаҳрванд 20 миллион сӯму 100 доллари ИМА талаб кардааст.
М.Ҷ. ҳангоми аз шаҳрванд гирифтани ин маблағ аз ҷониби ходимони мақомот дастгир шудааст.
Феълан нисбати ин шахс тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
