Рӯзи 20 уми май қабули навбатии Эркинҷон Турдимов бо соҳибкорон баргузор гардида, дар он ҳокими вилоят фикру мулоҳиза ва талабу дархостҳои онҳоро шунид.
Аз ҷумла, роҳбари яке аз хоҷагиҳои фермерии ноҳияи Пахтачӣ Нигора Пардаева шикоят кард, ки иҷрои қарори суди иқтисодии байниноҳиявии Каттақӯрғон таъмин намегардад. Ӯ барои ҳалли ин масъала ба ҳокими вилоят муроҷиат намуд. Сабаби норизоии соҳибкор дар он аст, ки шӯъбаи Бюрои иҷрои ҳатмӣ дар ноҳияи Пахтачӣ аз Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Paxtachi klaster» ба хоҷагии фермерии «Яхшибой Эшқуватов» бояд қарздории 123 миллион сӯминаро рӯёнида диҳад, вале бюро ин корро ба таъхир мегузорад. Таъкид гардид, ки ин масъала аз ҷониби Бюрои иҷрои ҳатмии вилоят омӯхта шуда, дар тӯли ҳафт рӯз ҳалли худро хоҳад ёфт.
Бокир Ҳошимов дар қабул аз номи ҶММ «Автомобил-ӯқув ишлаб чиқариш комбинати» иштирок намуд. Ӯ таъкид кард, ки мехоҳад дар майдони назди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Темурйӯлчилар»-и шаҳри Самарқанд, ки 1,6 гектарро ташкил медиҳад, майдони омӯзиши ронандагӣ бунёд намояд. Вале дар консепсияи шаҳрсозӣ дар манзили мазкур бунёд ёфтани боғи истироҳатӣ нишон дода шудааст. Муроҷиати ӯ рад карда шуд.
Соҳибкори дигаре гуфт, ки вай дар ноҳияи Булунғур истеҳсоли кетчупро ба роҳ мондан мехоҳад ва барои ин нияти аз Бонки рушди соҳибкорӣ 5 миллион доллари ИМА кредит гирифтанро дорад. Арзиши умумии лоиҳаи ӯ 7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, 2 миллиони дигарро аз ҳисоби худ ҳамроҳ мекунад. Ба ходимони бонк оид ба баррасии ин муроҷиат ва дастгирии лоиҳаҳои соҳибкорӣ супоришҳо дода шуданд.
Худи ҳамон рӯз муроҷиатҳои шаҳрвандон низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Онҳо асосан аз рӯи муаммоҳои кредити бонк, андоз, низоъҳои байниҳамдигарӣ, таъминоти барқу газ муроҷиату дархостҳои худро баён намуданд.
Ҳокими вилоят ҳар як муроҷиатро шунида, барои иҷрои муроҷиатҳое, ки дар доираи қонун ҳаллу фасл мешаванд, масъулонро мутасаддӣ намуд. Таъкид гардид, ки ба муроҷиатҳое, ки ба воситаи суд иҷро мешаванд, ҳокимият дахл намекунад.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят
