Дар вохӯрии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов бо ходимони тиб чанд масъалаи вобаста ба соҳаи мазкур муҳокима карда шуд. Дар ҷамъомад роҳбарон, шифокорони пешбари иттиҳодияи тиббии шаҳр иштирок карданд.
Дар мамлакатамон дараҷаи ислоҳот дар соҳаи тиб сол аз сол баланд мешавад. На танҳо дар беморхонаҳои вилоятӣ, балки дар иттиҳодияҳои тиббии ноҳияҳо низ ҷарроҳиҳои мураккабро амалӣ мекунанд. Таъминоти муассисаҳои мазкур бо ҷиҳозҳои замонавии тиббӣ, доруву дармонҳои зарурӣ сол аз сол беҳтар мешавад. Аз ҳама беш, эътибор ба муассисаҳои тиббии зинаи аввал хеле беҳтар шуда, сохтори расондани хизмати аввалини тиббӣ-санитарӣ ба аҳолӣ такмил меёбад.
— Мутаассифона, сарфи назар аз корҳои амалишуда, баъзе муаммоҳои ин соҳа ҳамон ба эътирози барҳақи аҳолӣ сабаб мешаванд, — гуфт ҳокими вилоят дар ин ҷамъомад, ки дар руҳи танқидӣ-таҳлилӣ гузашт. — Ин ҳолатро аз шумораи муроҷиатҳое, ки ҳангоми қабулҳои сайёр карда мешаванд, дидан мумкин аст. Соҳаро омӯхтани гурӯҳи кории ҳокимияти вилоят нишон дод, ки вазъи иттиҳодияҳои тиббии зинаи аввалин ҳамон ғайриқаноатбахш мебошад. Таъминоти аҳолӣ бо воситаҳои зарурии дорувор, таъмин бо ҷиҳозҳои тиббӣ ва фаъолияти дорухонаҳои иҷтимоӣ ба дараҷаи талабот нест.
Азбаски дар баъзе шифохонаҳо асбобҳои тиббӣ, ҷиҳозҳои лаборатория ба кор ношоям шудаанд, аҳолӣ маҷбур мешавад, ки ба муассисаҳои хусусии тиббӣ муроҷиат кунад.
Дар ҷамъомад шифохонаҳои оилавиро, ки дар онҳо норасоиҳо мушоҳида шудаанд, танқид карданд. Таъкид гардид, ки дар баъзе шифохонаҳои оилавӣ рентген, ЭКГ, санҷиши ултраовозӣ бар зидди тартиби ҷорӣ — ба тарзи музднок роҳандозӣ шудааст.
Дар ҷамъомад роҳбарони муассисаҳое, ки дар онҳо норасоии кор муайян гардидаанд, огоҳонида ба баъзеи онҳо ҷазои интизомӣ дода шуд.
Зикр гардид, ки дар соҳа чунин омӯзишҳо давом мекунанд. Чунки муаммоҳои бо саломатии аҳолӣ вобаста пешгирӣ карда нашаванд, решаи мустаҳкам медавонанд ва мумкин сабаби зиёд шудани эътирозҳои барҳақ шаванд.
Эътибор ба соҳаи тандурустӣ меафзояд, аммо…
