Ovozi.uz

Истироҳатгоҳи байналмилалии экологӣ кори худро оғоз кард

Дар доираи Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон, ки имрӯз дар маҷмааи «Шаҳри абадӣ»-и шаҳр оғоз меёбад, лоиҳаи эколагери байналмилалии ҷавонон дар Самарқанд оғоз ёфт.
Дар лоиҳае, ки дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии байналмилалии «Замин», Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, Агентии кор бо ҷавонон, ЮНИСЕФ, Барномаи рушди СММ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO) гузаронида мешавад, беш аз 60 нафар иштирокчиён аз давлатҳои Осиёи Марказӣ — Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчунин Озарбойҷон, Маҷористон (Венгрия) ва Туркия ширкат доранд.
— Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани нақши ҷавонон дар мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим, фароҳам овардани имконият ба ҷавонони фаъоли экологӣ барои пешбурди пешниҳоду ташаббусҳои худ, дастгирии ҳамгироии ҳаракати байниминтақавии ҷавонони фаъоли экологӣ мебошад, — гуфт Дилмурод Юлдошев, мутахассиси Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ. — Ин лоиҳа бори дуюм ташкил карда мешавад. Дар рафти эко-истироҳатгоҳи соли 2023 стратегияи минтақавӣ оид ба муаммоҳои экологӣ таҳия карда шуд. Дар лоиҳаи мазкур ба ду самт аҳамияти бештар дода мешавад. Инҳо омӯзонидани эковолонтёрони байналмилалӣ барои мубориза бар зидди дигаргуниҳои иқлим ва эҷоди як платформаи байналмилалӣ барои муоширати ҷавонон мебошанд.
Лоиҳаи истироҳатгоҳҳои экологӣ гузаронидани семинарҳо, мубоҳисаҳо бо коршиносони байналмиллалӣ роҷеъ ба мавзӯъҳои актуалии марбут ба тағйирёбии иқлим, инчунин таҳия ва муҳокимаи лоиҳаҳое, ки кишварҳо онҳоро дар намоишгоҳи «CОР‑29» гузоштанро нақша доранд ва иштироки эко-роҳбарони ҷавонро дар бар мегирад.
Иштирокчиён дар барномаҳое, ки машғулоти фаъоли гурӯҳӣ, мастер-­классҳо ва муҳокимаи лоиҳаҳои экологиро дар бар мегиранд, иштирок намуданд.
Тибқи барномаи тадбир меҳмонон аз ёдгориҳои меъморӣ ва ҷойҳои сазовори диққати Самарқанд дидан намуда, бо фарҳанги ғании мо шинос шуданд.
Эко-истироҳатгоҳ то 30‑юми июн давом мекунад.