Рӯзи 23‑юми июни соли равон таҳти чунин шиор дар шаҳри Самарқанд фестивали ҷавонон гузаронида шуд.
Чорабиниҳо дар шаҳр бо гузоштани гулчанбарҳо дар пояи муҷассамаҳои Амир Темур, Алишер Навоӣ ва Мирзо Улуғбек оғоз гардид.
Сипас, дар муассисаҳои таълими олӣ, масканҳои варзишӣ, боғ ва хиёбонҳо, муассисаҳои фарҳангӣ озмун ва бозиҳои интеллектуалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, вохӯриҳо бо тадбиркорони ҷавон, лоиҳаҳои ҳарбӣ-ватанпарварӣ, саёҳати фарзандони оилаҳои камбизоат ба масканҳои сайёҳӣ, ярмаркаҳои меҳнат гузаронида шуданд.
Дар доираи тадбирҳо маросими ба донишомӯзони аълохони мактабҳои таълими умумии шаҳри Самарқанд супоридани медалҳои тилло ва нуқра баргузор гардид.
Мувофиқи маълумот, имсол мактабҳои таълими умумии шаҳрро 7239 нафар хонандагон хатм карданд. 407 нафари онҳо медали тилло, 20 нафарашон медали нуқра гирифтанд. Аъзои Сенати Олий Маҷлис Рустам Холмуродов, Фармон Тошев, роҳбарияти Садорати таълими томактабӣ ва мактаби вилоят, фаъолон хонандагони пешқадамро табрик намуда, ба онҳо комёбиҳо орзу намуданд.
Дар чорабинӣ ба хонандагон ва устодони онҳо тӯҳфаҳои арзишманд ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Дар маҷмааи варзишии Сартеппа байни духтарон аз рӯйи намуди гимнастикаи бадеӣ ва миёни дастаҳои варзишгарони ҷавон мусобиқаи футбол гузаронида шуд. Раиси Шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон С. Рафиқов, сарвари Садорати варзиши вилоят Ш. Рӯзиев дар бораи ислоҳоти соҳа, аҳамияти варзиш дар саломатии инсон ҳарф зада, ба иштирокдорон муваффақият таманно карданд.
Инчунин, дар байни донишомӯзони мактабҳои таълими олӣ олимпиадаи фаннии ҳокими вилоят баргузор гардид. Дар он ҷавонони боистеъдоди шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд қариб 50 нафар донишомӯзони синфҳои 10–11 дар олимпиадаи фанни кимиё дониши худро санҷиданд.
Бино ба натиҷаҳо, дар байни донишомӯзони синфи даҳум хонандаи мактаби таълими умумии рақами 37‑и ноҳияи Пахтачӣ Зулфияхон Махсиддинова, миёни хонандагони синфи ёздаҳум таҳсилгирандаи мактаби таълими умумии рақами 14‑и ноҳияи Пайариқ Оловуддин Абдураҳимов ҷойи якумро ишғол карданд.
Ба донишомӯзон диплом ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо тақдим гардид.
Дар боғи «Ватанпарвар»-и шаҳр чорабиниҳои тарғиботӣ ва варзишӣ гузаронида шуданд.
— Дар қисми ҳарбии мо дар доираи моҳонаи ҷавонон «Рӯзҳои дарҳои кушода», намоишгоҳ ва дигар чорабиниҳо гузаронида шуданд, — гуфт подполковник Азамат Соатов. — Ғайр аз ин, гурӯҳи тарғиботӣ иборат аз хидматчиёни ҳарбии мо ба ноҳияҳои дурдаст рафта, ба ҷавонон дар бораи салоҳияти армияи миллӣ, шарафи бузурги хидмати ҳарбӣ маълумот доданд. Намоишгоҳ ва вохӯриҳо гузаронданд. Дар намоишгоҳи имрӯза низ беш аз 30 намуди техника ва таҷҳизоти ҳарбиро ба намоиш гузоштем. Дар чорабинӣ байни фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ мусобиқаҳои «Шоҳмотбози ҷавон», «Заковатманди «Тузукоти Темур»» ва озмуни иншоҳо гузарондем.
Дар доираи фестивали ҷавонон дар қасри яхи шаҳри Самарқанд байни ҳаваскорон, дар филиали самарқандии IT Park бо иштироки завқмандони технологияҳои ахборӣ мусобиқаи робототехникии «Robotech‑2024» гузаронида шуданд.
Дар анҷоми чорабиниҳои фестивал дар боғи «Ӯзбекистони Нав»-и мавзеи Қаросуви шаҳр барномаи консертӣ баргузор гардид.
Дар тадбир ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ҷавонони самарқандиро табрик кард. Ҷавонони фаъоли вилоят ва ташкилотҳое, ки ҷавононро дастгирӣ мекунанд, аз ҷониби роҳбарияти вилоят мукофотонида шуданд.
Барномаи консертӣ бо ҳунарнамоии ҳунармандони шинохта идома ёфта, бо мушакбозии идона ба поён расид.
Рӯзи 22‑юми июни соли равон дар ноҳияи Самарқанд низ таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони нав, муттаҳид шавем!» фестивали ҷавонон баргузор гардид.
Фестивал бо марафони пиёдагардии «Барои тарзи ҳаёти солим — 5000 қадам!» оғоз ёфт.
Сипас, иштирокдорон дар намоишгоҳ, озмун, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, бозиҳои миллӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ ва рақс иштирок карда, бо ҷавонон сӯҳбат оростанд.
— Тӯли солҳои гузашта дар кишварамон беш аз 20 қонун, фармон ва қарори вобаста ба ҷавонон қабул шуд, ки онҳо исботи эътимоди ҳукумат ба ҷавонон — ба оянда ва такягоҳи бовариноки Ватан мебошад, — гуфт ҷонишини ҳокими ноҳия Акбар Маҳмудов. — Таъмини ҳуқуқ ва манфиати қонунии ҷавонон, амалӣ кардани орзуву мақсад ва нишон додани қобилияту салоҳияти онҳо аз самтҳои муҳиму устувори сиёсати давлати мо ба шумор мераванд. Баргузории фестивали «Ҷавонони Ӯзбекистони нав, муттаҳид шавем!» низ барои ба ҳам овардан ва муттаҳид кардани ҷавонони боистеъдоди кишварамон хизмат мекунад.
Дар анҷом барномаи консертӣ баргузор гардид. Дар он ҳокими ноҳия Сироҷиддин Усмонов иштирок кард ва ба ташкилкунандагони тадбири хубу хотирмон изҳори сипос намуда, ҷавонони ноҳияро шодбош гуфт.
Ҷавонони фаъол бо диплом ва мукофотҳо сарфароз гардиданд.
Чунин фестивалҳо дар дигар минтақаҳои вилоят, аз ҷумла, шаҳри Каттақӯрғон, ноҳияи Тайлоқ низ гузаронида шуд. Чорабиниҳо дар доираи моҳонаи ҷавонон идома доранд.
