Ovozi.uz

Штаби мутобиқгардонии муроҷиатҳои соҳибкорон ташкил гардид

Бо ташаббуси Президентамон 20 уми август — Рӯзи тадбиркорон муайян шудааст. Дар ин рӯз бо соҳибкорон вохӯрӣ гузарондани роҳбари давлат низ ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар арафаи вохӯрии имсола, дар Садорати вилоятии Палатаи савдо-­саноат штаби мутобиқгардонии муроҷиатҳои соҳибкорон ташкил карда шуд. Ба штаб (ба ҳайати он вакилони ташкилотҳои ба соҳа масъул дохил гардидаанд) соҳибкорони вилоятамон даҳҳо муроҷиат карданд. Аз ҷумла, аз ноҳияҳои Пастдарғам 9 то, Каттақӯрғон, Ургут ва шаҳри Самарқанд 5 тоӣ, аз ноҳияҳои боқимонда камтар аз он муроҷиатҳо расидаанд. Аксарияти масъалаҳое, ки дар ин муроҷиатҳо қайд шудаанд, бо ташкилотҳое чун бонк, кадастр, андоз ва ғайра вобастаанд. Мисол, то ҳол ба «Агробанк» 16 то, «Бонки рушди тиҷорат» 15 то, «Бонки халқӣ» 12 то, Садорати корҳои дохилии вилоят 10 то, Садорати андози вилоят 46 то, корхонаи шабакаҳои электр 11 то, Агентии кори маҳаллабайъ ва ривоҷдиҳии соҳибкорӣ 10 то, Агентии кадастр 23 то муроҷиат фиристода шудааст.
Бино ба ҳолати 8 уми июли соли 2024 аз соҳибкорон 382 то муроҷиат расидааст ва 302 тои онҳоро баррасӣ намуда, 129 тоашро ба таври мусбӣ ҳал кардаанд. 179 то муроҷиатҳоро мутахассисон меомӯзанд.