Ovozi.uz

Роҳҳои равону табъи дили ҳамагон

Ҳангоми сайру сафарҳо бо нақлиёти шахсиву ҷамъиятӣ бо роҳҳои ноҳамвору таъмирталаб пеш рафтан лозим ояд, мо зуд дилтангу хаста ва нороҳат гашта, роҳҳои равону ҳамворро орзу мекунем. Вале сохтани роҳҳои тахту ҳамвори мумфарш кори осон нест. Мо инро ҳангоми пресс-туре, ки ба ноҳия Қӯшработ ташкил карда шуд, бо чашмонамон дида, боварӣ ҳосил кардем.
Дарозии умумии роҳи автомобилии 4Р55 «Митан — Қӯшработ — Нурато», ки дар баланси Садорати роҳҳои автомобилгарди вилояти Самарқанд қарор дорад, 75 километрро ташкил мекунад. Ба 9 километри аввали он ноҳияи Иштихон, ба қисми боқимондааш Муассисаи давлатии корхонаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Қӯшработ хизмат мерасонад.
Чанд сол боз асфалтҳои қитъаи 9–15‑километрии ин шоҳроҳ, ки аз ҳудуди чандин ҷамоати шаҳрвандони ин ноҳия мегузарад, канда шуда, таъмирталаб шуда буд. Дар асоси қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25‑уми декабри соли 2023 «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2024» аз ҳисоби маблағҳои буҷет мувофиқи тақсимоти Кумитаи роҳҳои автомобилгард ва Барномаи давлатии соли 2024 моҳи июн дар роҳи автомобилгарди 4Р55 «Митан- Қӯшработ — Нурато» ба дарозии 6,0 километр (бараш 9 метр) корҳои таъмиру мумфаршкунӣ оғоз ёфта, ҳоло босуръат идома меёбад.
— Ин роҳҳо солҳои 1960 сохта шудааст ва дар тӯли 20 соли охир рӯи таъмирро надидааст, — гуфт сарвари шӯъбаи Муассисаи давлатии корхонаи истифодабарии роҳҳои ноҳия Исмоил Хидиров. — Мо дар қитъае, ки 6 километр дарозӣ дорад, асфалти кӯҳнаро пурра гирифта, тахту васеъ менамоем ва аз сари нав сангчаву шағал мерезем. Барои начӯкидани роҳ бо техника нағзакак шибба мекунем. Баъд мувофиқи нишондодҳои лоиҳавӣ ба корҳои мумфаршкунӣ шурӯъ менамоем.
Мувофиқи гуфтаи мутахассисони соҳа ин роҳ яке аз роҳҳои серҳаракат ба шумор меравад ва дар як шабонарӯз ба воситаи роҳ 14–15 ҳазор адад автомобилҳо ҳаракат мекунанд. Барои он ки ба ҳаракати нақлиёт халал нарасад, роҳсозон роҳро ба ду тақсим кардаанд. Аввал нисфи роҳро таъмир карда, асфалт мехобонанду баъд дар нимаи дигари он корро идома медиҳанд.
Дар корҳои роҳсозӣ 48 нафар коргарони корхона ва техникаҳои зиёди гуногунтамғаи замонавӣ ҷалб карда шудаанд.
Азбаски асрори роҳсозӣ барои мо шавқовар буд, ба кори роҳсозон таваҷҷӯҳ зоҳир кардем. Охир он ҷоеро, ки рӯзи гузашта асфалт хобонида, корро ба охир расонида буданд, бо арраи доирашакл рост буриданд. Асфалтпораву қуму регҳои зери онро ба ҳар ҷойи роҳи навбунёд паҳн карданд. Дар ҷойи буридашуда барои ширеши асфалти дирӯзаву имрӯза мумоб рехтанд. Мошине пешопеш сангчоли маҳинеро рехтаву паҳн карда баромад. Трактор-­агрегати тасмачархи нави асфалтхобонӣ ба кор омода буд. Бо мошини калоне асфалт оварданд. Як қисми асфалти он ба бордони чоркунҷашакли хокандозмонанди трактори асфалтхобонӣ, ки наву замонавӣ буд ва якчанд амалиётро ба ҷо меовард, рехта шуд. Бордони он аз асфалт пур гардид. Аммо мошини асфалтдор ҳамоно асфалти боқимондаи болояшро боло бардошта меистод. Ҷои асфалтхобонӣ, ки пешакӣ чен карда шуда буд, трактори асфалтхобонӣ ба ҳаракат даромад. Аз паси он бо як маром ва баландии муайян болои замини тахту ҳамвор асфалт «мебаромад». Баробари ҳамин, аз борти қафои болошуда мошини калони асфалт­овардаро асфалт мерехт, онро тела дода пеш мебурд. Раҳораҳ асфалт ба бордони хокандозмонанди он рехта, аз қафои он асфалти сиёҳрангу пурҷило чорунимметра ҳамчун тасма дар замин мехобид.
Роҳсозони дигар бо бел ва дигар олотҳои кории худ асфалтҳои каму беш ба берунбаромадаро тарошида гирифта, ба пештари ҷойи асфалт­кунӣ мерехтанд. Баъди иҷрои ин кор техникаҳои дигари пахшу ҳамвор ва шиббакунӣ ба ҳаракат даромада, асфалтро мустаҳкамтар ҷойгир мекарданд.
Бо ронандаи мошине, ки асфалт овард, шинос шудем. Ӯ Абдусамад Ирисов будааст. Пурсидем, ки чӣ қадар асфалт овард.
— Қариб 30 тонна. Онро аз заводи асфалти худи ноҳияамон мекашонам. Ҳар рӯз мувофиқи талаботи роҳсозон 4–5 мошин асфалт меорам.
— Як мошин асфалти овардаатон ба чанд метр мерасад?
— Инашро ман намедонам, — ҷавоб дод Абдусамад Ирисов.
Инро аз нозири Садорати роҳҳои автомобилгарди вилоят Наврӯз Раҳимбердиев пурсидем. Ӯ гуфт, ки як мошин асфалт тахминан ба 30 метри роҳ мерасад. Зеро ғафсии асфалте, ки коргарон мехобонанд, 6 сантиметрро ташкил мекунад.
Дар нисфи дигари роҳ мошинҳо мисли мӯрча дутарафа ҳаракат мекарданд. Ронандаҳо суръатро саҳл суст карда, гузаранд, ки аз чеҳраҳояшон як ифодаи хурсандии беинтиҳо хонда мешуд. Яъне, ҳоло каму беш дар равуо азоб кашанд, ки дар оянда роҳ хуб мешавад ва ин табъи дили ҳам мусофирон ва ҳам ронандагон аст.

М.ҶУМЪАЗОДА.