Президенти ИМА Ҷо Байден эълон кард, ки барои давраи дуюм номзадиашро пешбарӣ намекунад. Қабл аз изҳороти сарвари давлат аз ҷониби демократҳо даъватҳои сершумор барои бозпас гирифтани номзадии Байден садо доданд. Ҳамин тариқ, Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини ИМА, ки Байден ҳашт сол дар маъмурияти ӯ ноиби президент буд, ҳафтаи гузашта дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо муттаҳидонаш гуфт, ки шонси пирӯзии Байден коҳиш меёбад ва ӯ бояд дар бораи ширкати минбаъда дар маъракаҳо фикр кунад.
Раҳбари ақаллиятҳои Маҷлиси Намояндагон (Сенат) Ҳаким Ҷеффрис ва раҳбари аксарияти ин Маҷлис Чак Шумер ҳафтаи гузашта дар мулоқотҳои алоҳида бо Байден ба ӯ гуфтаанд, ки агар ӯ номзади президентӣ аз ҳизб боқӣ монад, барои демократҳо дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омадан душвор хоҳад гашт.
Дар умум 20 вакили демократ аз Байден даъват карданд, ки таблиғоти интихоботиро қатъ кунад. Бисёре аз сиёсатмадорони дигари демократ дар хусуси ояндаи сиёсӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Намояндаи Адам Шифф аз Калифорния, яке аз шадидтарин мунтақидони Трамп ва ҳампаймони наздики раиси пешини Маҷлиси Намояндагон Нэнси Пелосӣ низ аз Байден даъват кард, ки аз сабқат даст кашад.
Ҳафтаи гузашта, ҳунарпешаи Ҳолливуд Ҷорҷ Клуни, ки моҳи гузашта як маъракаи азими Ҷо Байденро баргузор кард, аз ӯ даъват кард, ки маъракаи пешазинтихоботиро қатъ кунад, дар ҳоле ки маблағгузори асосии маъракаи пешазинтихоботии Байден Ҷеффри Катзенберг дар як нишаст дар Лас Вегас ба президент ҳушдор дод, ки донорҳои асосӣ дар дудилагӣ қарор доранд.
