Ovozi.uz

Дар Ҳиндустон вируси Чандипура паҳн гардид, ки давое надорад

Дар штати Гуҷарати Ҳиндустон вируси Чандипура паҳн гардид, ки дар натиҷаи он зиёда аз 30 нафар ҷон бохтаанд. Дар ин бора нашри The Times of India менависад. Вирус ба воситаи магасҳо сироят карда, вай асосан ба бачаҳои то 15 сола таъсир мерасондааст. Департаменти ҳифзи саломатии штати номбурда, санаи 21 -уми июл дар хусуси 13 ҳолати сироятёбӣ ва 5 ҳолати фавт хабар додааст. Аз рӯи маълумоти охирин шумораи сироятёфтагон ба 84 нафар роасида, 32 ҳолати марг қайд гардидааст. Вируси Чандипура бори аввал соли 1965 дар ноҳияи Нагпури штати Махараштра муайян гардида будааст. Тибқи маълумоти доктор, роҳбари Академияи Педиатрияи Ҳиндустон Васант Халаткар ба ин вирус ташхис гузоштан хеле мушкил. Аломатҳои он асосан бо дарди сар, ҳарорати баланд ва конвулсия мавҷуд мебошад. Ин аломатҳо асоратҳои неврологӣ дошта, ба кома ҳатто ба марг оварданаш мумкин. Барои ҳимояи он бояд чораҳои дурӣ аз магасҳоро дидан лозим меояд.