Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон, бар идомаи ҳимояти ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Исломӣ аз мардуми Фаластин таъкид кард.
Ба гузориши ISNA, Пизишкиён ин ҳарфҳоро рӯзи 10-уми июл бо ирсоли нома ба Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос баён кардааст.
Вай афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон пуштибонии мардуми Фаластин ва муборизаи онҳо алайҳи Исроилро «қарзи башарӣ ва исломии худ» медонад ва ба ҳимояти ҳамаҷониба идома медиҳад.
Қаблан раисиҷумҳури Эрон дар номаҳои ҷудогона ба Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, бар ҳимоят аз муқовимат дар минтақа бар асоси асли сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид карда буд.
Ин дар ҳолест, ки таниш миёни Ҳизбуллоҳ ва Исроил дар рӯзҳои ахир боло рафтааст.
Хотиррасон мекунем, ки Масъуд Пизишкиён номзади ҳизби ислоҳталабон бо касби беш аз 53 дарсади овоз дар марҳалаи дувуми интихобот, рӯзи 5-уми июл барандаи даври 14-уми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон эълон шуд.
Қарор аст, ки Пизишкиён раисҷумҳури мунтахаби Эрон рӯзи 30-юми июл савганд ёд карда, расман ба фаъолият дар ин вазифаро оғоз кунад.
