Ҳайати намояндагони вилояти Самарқанд бо сарварии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар Ҷумҳурии Мардумии Хитой қарор дорад.
Ҳайат нахуст аз шаҳри Урумчии ноҳияи автономии Шинҷон-Уйғур дидан кард. Дар он ҷо ҳокими вилояти мо бо саноатчиёни пешсафи Хитой мулоқотҳо баргузор намуд.
Миёни иштирокдорони мулоқот раҳбарияти минтақаи рушди иқтисодӣ ва технологии Урумчи (Urumqi Economic and Technological Development Zone), ки дар ноҳияи автономии Шинҷон-Уйғур аввалин минтақаи рушди иқтисодӣ ва технологии дараҷаи давлатӣ шумурда мешавад, низ ҳозир буд.
Ташкилот серсоҳа буда, дар он зиёда аз 9 ҳазор ширкат ба рӯйхат гирифта шудаанд. 43 корхонаи шомили рӯйхати мазкур ҳар сол ба миқдори 100 миллион юан (тақрибан 14,8 миллион доллари ИМА) маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол мекунанд.
Мулоқоти навбатӣ бо вакилони ширкати Sailun Group, ки шинаҳои босифат истеҳсол мекунад, баргузор гардид. Ин ширкат ба бистгонаи беҳтарини ширкатҳои истеҳсолкунандаи шина шомил аст. Компания дар Синдао, Донгйинг, Шенгянг, Вейфанг, Ветнам ва Камбодҷа базаҳои истеҳсоли шинаро дорад ва дар оянда мехоҳад дар шаҳри Донгҷиакоу ва Мексика низ базаҳои худро боз намояд.
Ҳоло Sailun Group нақша дорад солона 26 миллион шинаҳои радиалии пурра бо пӯлодсохташуда, 103 миллион шинаҳои радиалии нимпӯлодӣ ва 447 ҳазор тонна шинаҳои ба ҳамаи роҳҳо мувофиқро истеҳсол намояд. Савдои маҳсулоти ширкат зиёда аз 180 мамлакат ва минтақаҳои Хитой, Америкаи Шимолӣ, Аврупо, Осиё ва Африқоро фаро мегирад.
Дар давоми вохӯриҳо муносибатҳои ҳамкории тиҷоратии сармоядорони хитоӣ бо Самарқанд муҳокима гардиданд.
Дар ҳайати намояндагони вилоят ҳокимони 8 шаҳру ноҳия ҳам ба сафари хидматӣ баромадаанд. Онҳо бо сармоягузорони маъруфи хитоӣ музокираҳо мегузаронанд.
Ноҳияи Пастдарғом
Аз ҷумла, бино ба маълумоти ҳокими ноҳияи Пастдарғам Шерзод Раҳмонов, миёни ширкати «BIOYO BIOTEX» ва «Самарқанд камалак инвест» меморандум имзо гардидааст.
Ширкати «BIOYO BIOTEX» бо истеҳсоли маҳсулоти барои хоҷагии деҳот зарур машғул аст.
— Аз рӯи созишномаи аввалин, дар ноҳияи мо аз ғӯзаву боқимондаҳои дарахт биомаҳсулотҳо омода карда мешаванд, — гуфт Ш. Раҳмонов. — Ғайр аз ин, барои истеҳсоли ҷиҳозҳои ошхона, коса-табақҳои махсус ва маҳсулотҳои полиетиленӣ ҳам ба мувофиқа расидем.
Рӯзи дуюми ташриф байни корхонаи «Guandong grand tech»-и вилояти Гуанҷоу ва ҶММ «Mash′al trans servis» созишнома ба имзо расид.
Дар асоси лоиҳаи сармоягузори хитоӣ дар ноҳияи Пастдарғам гидроблок, панелҳои пардозӣ ва дигар маҳсулотҳои сохтмонӣ истеҳсол мешаванд. Пас аз ба кор даромадани лоиҳа, ғайр аз вилоятҳои ҷумҳурӣ, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам фурӯхтани маҳсулотҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар идомаи ташриф мулоқоти ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов бо узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Компартияи Хитой — Ма Синҷӯй баргузор гардида, дар он масъалаҳои рушди ҳамкориҳои амалии яке аз вилоятҳои калон ва пешқадами Хитой — вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғур ва Самарқанд баррасӣ шуданд.
Ноҳияи Нарпай
Намояндагони ҳокимият ва соҳибкорони ноҳияи Нарпай низ дар Ҷумҳурии Мардумии Хитой то ҳол меморандумҳои қимати умумиаш ба 10 миллион доллар наздикро ба имзо расониданд.
Дар провинсияи Хенани шаҳри Зинҷанг барои вакилони ноҳияи Нарпай вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он беш аз 40 нафар соҳибкорони маъруфи кишвари Хитой иштирок намуданд.
Дар рафти тадбир аз ҷониби намояндагони ҳокимияти ноҳия роҷеъ ба шарту шароитҳо, имкониятҳо, рафту омади нақлиёт маълумот дода шуданд.
Ин ба пайдо намудани хоҳиши сармоягузорон барои кор кардан дар Нарпай нақши муҳимро иҷро намуда, соҳибкорони хитоӣ ба як қатор лоиҳаҳои бузург бо соҳибкоронамон шартномаҳо мебанданд.
ноҳияи Иштихон
Ҳокими ноҳияи Иштихон Ф. Рӯзиев, ки ҳоло бо ҳайати вилоят дар Хитой аст, маълум намуд, ки як қатор созишномаҳои муфидро ба имзо расонидааст.
Аз ҷумла, бо ширкати «Stone platform» аз рӯи лоиҳаи кандани сангҳои кӯҳ ва коркарди дубораи онҳо (қиматаш 50 миллион доллар), бо ширкати «Hydroblok shover systembrochure» роҷеъ ба лоиҳаи истеҳсоли ҳамаи намудҳои маҳсулотҳои сохтмонӣ (қиматаш 80 миллион доллар) музокираҳо мебарад.
— Дар ноҳия захираи санг бисёр аст, — гуфт Ф. Рӯзиев. — Доир ба кандан, коркарди дубора ва ҳамчун маҳсулоти сохтмонӣ омода кардани он меморандумҳо ба имзо расиданд.
Ассотсиатсияи «NOVA» дар доираи лоиҳаи «Як камар — як роҳ» ба кишварҳои Африқо ва Осиё сармоягузоронро мебарад. Иштихониҳо аз офиси ассотсиатсия дидан карда, бо маҳсулотҳое шинос шуданд, ки дар асоси сармоягузорӣ дар дигар давлатҳо омода карда шудаанд.
Дар охири мулоқотҳо бо роҳбари ассотсиатсия роҷеъ ба даровардани сармояҳои Хитой ба ноҳияи Иштихон созишнома баста шудааст. Бо назардошти он, ки ба ассотсиатсия зиёда аз 500 ширкат аъзо аст, гуфтан мумкин, ки иштихониҳо аз созишнома манфиати калон ба даст меоранд.
Дар давоми сафари хидматӣ бештар ба истифодаи таҷрибаи хоҷагии деҳоти Хитой дар ноҳияи Иштихон эътибор нигаронида шудааст.
— Дар ин бора бо роҳбарони корхонаҳои паррандапарварӣ мулоқотҳо кардем, — гуфт Ф. Рӯзиев. — Чунки зимни сӯҳбат сармояи 100 миллион долларинаро таклиф карданд. Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳа солона ба миқдори 1 миллиард доллар маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол карда мешаванд.
Вохӯрии ҳоким ва вакилони вилоят бо истеҳсолкунандагони Хитоӣ
