Ovozi.uz

Бо қарори Президент Хотираи қурбониёни қатағон пос дошта мешавад

Рӯзи 19‑уми июл қарори роҳбари давлатамон «Дар бораи васеъ гардонидани корҳои омӯхтану тарғиб намудани ҳаёт ва фаъолияти ҳамдиёронамон, абадисозии хотираҳои онҳо ки қурбони қатағони сиёсӣ шудаанд», эълон гардид.
Бар асоси он комиссияи ҷумҳурӣ роҷеъ ба мутобиқгардонии корҳо оиди омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти ҳамдиёронамон ва пос доштани хотираи онҳо ташкил карда шуд.
Зеринҳо вазифаи асосии комиссия муайян гардиданд:
— омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти шахсоне, ки қурбони қатағон шудаанд, ном ба ном муайян намудани онҳо, ҷамъоварӣ ва тадқиқи маълумотҳо роҷеъ ба хизматҳои таърихии онҳо, ҳуҷҷатҳое, ки дар бойгонӣ (архив) ва музейҳо, китобхонаҳо ва бунёдҳои мухталиф маҳфузанд, инчунин, барои оммавӣ гардондани онҳо ташкил намудани фаъолияти гурӯҳҳои корӣ;
— мутобиқнамоии корҳои навишта гирифтани хотираҳои пайвандон ва наздикони қурбониёни қатағон, инсонҳое, ки гувоҳи воқеаҳои ҳамон давр шудаанд, ҷамъоварии манбаъҳои таърихӣ ва аксҳои ноёбе, ки дар бойгониҳои оилавӣ ва китобхонаҳо маҳфузанд;
— таъмини ба таври мунтазам ғанӣ гардонидани музейи давлатии хотираи қурбониёни қатағон, шӯъбаҳои он дар минтақаҳо ва музейи давлатии Мероси ҷадидон бо маълумот, далели ашёвӣ, ҳуҷҷатҳо ва экспонатҳои дахлдори дигар;
— бо мақсади барқарор кардани ҳақиқати таърихӣ роҷеъ ба ҳамдиёронамон, ки қатағон карда шудаанд ва ба авлоди оянда расондани он чоп намудани китоби бисёрҷилдаи «Қурбониёни қатағон» ва идома додани корҳо оиди ба саҳифаҳои китоби рамзӣ, ки дар маҷмӯи «Хотираи шаҳидон»-и шаҳри Тошканд барпо карда мешавад, дохил намудани номҳои онҳо;
— роҷеъ ба мавзӯъ ташкил намудани экспедитсия дар ҳоли роҳандозӣ кардани ҳамкорӣ бо бунёдҳои гуногун, бойгонӣ, музей, китобхона ва муассисаҳои илмӣ-маърифии дигар, инчунин мутахассисони дахлдори хориҷӣ;
— тарбия кардани насли наврас дар рӯҳи ҳурмат нисбати хотираи аҷдодони бузургамон, ки ҷони худро дар роҳи озодии Ватанамон фидо кардаанд, роҳандозӣ намудани корҳои маънавӣ ва маърифатӣ, ки ба тарғиботи ҷасорат ва фаъолияти ибратбахши онҳо нигаронида шудаанд;
— ҳар ҳафтаи якуми моҳи октябри сол дар мамлакатамон «Ҳафтаи ёдоварии қурбониёни қатағони сиёсӣ» номида шуд.
— дар хонадонҳое, ки шахсони қурбони қатағон ва вакили ҳаракати ҷадидӣ гардида таваллуд шуда, ба воя расидаанд ва зиндагӣ кардаанд, лавҳаҳои ёдгорӣ гузошта мешаванд.
Дар маҳаллаҳо, мактабҳои таълими умумӣ ба тарзи дахлдор «Гӯшаҳои хотираи қурбониёни қатағон», стендҳо ва воситаҳои аёнии дигар ташкил мекунанд.