Ovozi.uz

4 нафар журналисти самарқандӣ соҳиби нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси» гардиданд

Қаблан хабар дода будем, ки 68 нафар нурониёни вилоят бо нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси» сарфароз гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин рӯйхат 4 нафар журналистони самарқандӣ низ ҳастанд. Аз ҷумла, Норбобо Шакаров ва Тоир Долиев бо нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси»-и дараҷаи якум, Тошпӯлод Раҳматуллоев ва Ёлчӣ Муҳаммадиев ба нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси»-и дараҷаи дуюм муносиб дониста шуданд.

Дар маросими тантанавӣ, ки дар бинои ҳокимияти вилоят баргузор гардид, раиси раёсати ҷумҳуриявии Бунёди «Нуроний», Қаҳрамони Ӯзбекистон Содиқҷон Турдиев, ҷонишини аввали ӯ Шароф Убайдуллоев, ҷонишини ҳокими вилоят Ферӯз Абилов суханронӣ намуда, собиқадоронро табрик гуфтанд.

Бояд гуфт, ки ин дафъа 34 нафар собиқадорони вилоят бо нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси»-и дараҷаи якум, 23 нафар бо дараҷаи дуюм ва 11 нафар бо дараҷаи сеюм мукофотонида шуданд. Мувофиқи низомнома «Дар бораи нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси» ба дорандагони медалҳои дараҷаҳои I ва II мукофоти якдафъаинаи пулӣ низ дода мешавад.