Ovozi.uz

Набарди ғояҳо медиҳад давом…

Нависандаи маъруфи олмон Ҳерман Ҳессе дар яке аз мақолаҳои худ роҷеъ ба ташкил намудани китобхонаи хаёлӣ, беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳонро номбар мекунад ва дар оғоз оиди интихоби китобҳо ба хонандагон тавсияҳо медиҳад. Дар он гуфта мешавад, ки ҳангоми харидани китоби хуб бояд аввал ба муқова ва коғази он таваҷҷӯҳ кард. Чун ҷилди зебо муносиби китоби хуб мебошад.
Китоби «Сайланма» («Мунтахабот»)-и иборат аз 4 ҷилди устод Фармон Тошев, ки рӯи чопро дидааст, аз ҷумлаи чунин китобҳои китобхонаи дӯстдорони адаб ба шумор меравад. Ин китоб тақрибан тамоми жанрҳои назму насри адабиёти классику муосирро дар бар мегирад. Аз ҳама ҷолиб он аст, ки муаллиф дар ин китобҳо баъзе анъанаҳои адабиёти классикиро зинда кардааст, ба онҳо ҷон бахшидааст.
Дар бораи шахсияти Фармон Тошев дӯстдорони адабиёт ошноии хуб доранд. Ӯ бисёр одами донишманду сухандон, устоди садҳо нафар шоиру нависандагон ва журналистони ҷумҳурӣ, узви сенати Олий Маҷлис, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сармуҳаррири рӯзномаҳои муштараки «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник», барандаи чандин медалу орденҳои давлатӣ мебошад. «Мунтахабот»-ро, ки тоза аз нашр баромадааст, гулдастаи эҷодиёти Фармон Тошев гуфта метавонем. Дар ин мақола мо кӯшиш кардем, ки дар бораи ҳар як ҷилди ин китоб маълумот диҳем.

Портрети рӯҳияти инсон
Китоби аввалини «Мунтахабот»-и эҷодкор қиссаву ҳикояҳои тӯли солҳои гуногун навишташударо дар бар мегирад. Дар сафҳаҳои нахустини он мо сарсухани нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Хуршед Дӯстмуҳаммадро мехонем. Вай мақолаи «Чорроҳа, чароғаки роҳ…»-и худро бо ҷумлаҳои зерин оғоз кардааст: «Гуногунии услубҳои тасвири бадеӣ одамро ба ҳайрат мегузорад — гӯё ҳамаи онҳо мувофиқи ҷаҳонбинӣ, хоҳиш, табъ ва майли мардуми китобхон офарида мешаванд. Аз таърифу тавсифи роҳу равиши ҳар як илми дунёи адабиёт сухан оғоз ёбад, чӣ тавр гӯям, ки ҳаргиз мулоҳизаю мунозира ба поён намерасад. Адиби маъруфамон Фармон Тошев бошад, ба мағзи суханро гуфтан одат кардааст.»
Дарҳақиқат, нависанда дар қиссаҳои «Мизон» ва «Роҳ»-и худ хонандаро ба андеша кардан, маънои ҳаётро фаҳмидан даъват менамояд. Тасвирҳояш воқеӣ ва зинда. Чун қаҳрамонони қиссаҳо сохтаю бофта нестанд. Адиб онҳоро мешиносад, сӯҳбат кардааст ва сипас ба навиштани ин қиссаҳо шурӯъ намудааст. Масалан, дар қиссаи «Мизон» нависанда зиндагии роҳбаронро ба рӯи коғаз оварда, дар мисоли Шӯҳрат Акрамович пасту баланди корҳои идоракунӣ, масъулият, машаққат ва фазилатҳои некӣ инсониро ба хонандаи худ мерасонад. Вай тавассути ин қисса дар зиндагии ҳар яки мо будани меъёрро фаҳмонидан мехоҳад. Тарзи баёни нависанда чунон зебост, ки барои тасдиқи фикри худ ҳатто аз ҳикмати бузургон низ истифода мебарад. Дар ҷое аз Рӯдакӣ як байт оварда бошад, дар ҷое шавқи хонандагонро ба хондани китобҳои «Авасто», «Қобуснома», «Тузукоти темурӣ» зиёд менамояд. Дар ҷое бошад, шеъри пурмазмуни устоди худ, шоир Эркин Воҳидовро меоварад:
«Шоҳмот ҷовидонист,
Шеър ҳам ончунон.
Роҳ гаштан бе охир,
Сухан мисли он.
Дар чӯби шоҳмоту
Дар майдони шеър
Набарди ғояҳо
Медиҳад давом.»

Фармон Тошев дар қиссаи «Роҳ» аз қисмати як марди самарқандӣ нақл мекунад. Ин қисса воқеан як асари фалсафист, ки хонанда ҳангоми хонадани он барои худ саволҳои гуногунро пайдо мекунад. Дар қисса Ҷозилбобо ҳангоми роҳ гашта, то ба хонааш расидан, тамоми умри худро аз пеши назари худ мегузаронад. Ин ҳолат бо ҳар як роҳрав рӯй дода бошад аҷаб нест. Аммо қаҳрамони нависанда ин роҳро дӯст медорад. Ин роҳ ба рӯзҳои неку бади Ҷозил гувоҳ шудаасту ҳамеша онро ба манзили худ мерасонад.
Дар мавриди ҳикояҳои нависанда, ки саҳифаҳои баъдии китобро ташкил медиҳанд, танҳо гуфта метавонем, ки бояд онҳоро хонд. Бале, дар «Амонат», «Падар», «Арӯс», «Чилла», «Дӯкон», «Изтироб», «Маро бубахшед, оча», «Магаданбобо», «Тазарру» ва ҳикояҳои дигар нависанда аз одаму одамгарӣ, меҳру оқибат, қадри инсон ҳарф мезанад. Хислатҳои некро ситоиш мекунаду хислатҳои бадро сиёҳ.

«Ғазал — маънӣ, ғазал — санъат»
Аз азал тартиб додани девон аз шоирон маҳорати баланд ва масъулиятро талаб кардааст. Дар адабиёти форсӣ Хусрави Деҳлавӣ ба анъанаи бино ба фаслҳои умр тартиб додани девон ҳусни оғоз бахшидааст. Ин анъана ҳоло барҳам ёфта, шоирони имрӯза ба тартиб додани девони ашъорашон чунон эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Фармон Тошев аз эҷодкорони камшуморе ба ҳисоб меравад, ки дар асри XXI ин анъанаро боз зинда мекунад. Вай дар ҷилди дуввуми «Мунтахабот»-аш «Девон»-и худро дохил кардааст. Дар саршавии китоб ба китобхонон ба ҷои сарсухан менависад, ки барои сохтани девон вай бисёр андешидааст. Китобҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Навоӣ, Бобур, Огаҳӣ ва чандин нафар бузургонро омӯхтааст. Ба устодон пайравӣ намуда, дуои неки онҳоро гирифтааст. Дар девони мазкур беш аз 14 намуд шеърҳои шоир, аз ҷумла, ғазал, маснавӣ, фард, рубоӣ, чистон, мураббаъ, мусамман, мухаммас ва ғайра ҷой гирифтаанд.
Мавзӯи ашъори шоир рангоранг буда, асосан девон аз ғазалҳои ошиқонаву пандомез ташкил ёфтааст. Ҳамчун эҳтиром ба эҷоди бузургон, ба ғазалҳои Навоӣ, Бобур, Бобораҳим Машраб, Огаҳӣ, Эркин Воҳидов, Абдулло Ориповҳо мухаммас бастааст.
Шоир дар яке аз ғазалҳояш чунин мегӯяд:
Қадри меҳру оқибат аз дардмандон бишнавед,
Завқи мушкилро фақат аз шавқмандон бишнавед.
Гушнагиро бою серон аз куҷо пай мебаранд,
Таъми неъматҳо зи мӯҳтоҷони чандон бишнавед.

(Ҷ.2, саҳ. 72.)

Маълум аст, ки шоир дар сурудани шеър саҳли мумтанеъро меписандад. Яъне, кӯшиш мекунад, ки содабаён бошад ва ҳарфи нагуфтаро бигӯяд. Ин аз маҳорати фавқулоддаи ӯ шаҳодат медиҳад. Дар сурудаҳои ошиқонааш низ нозукбаёнӣ ба назар мерасад. Дар ғазали зерин инро мушоҳида кардан мумкин аст:
Ба нозу ишва, эй дилбар, маро бе ришта мебандӣ,
Фидоят ҷони ман гардад, чиро бар сина афкандӣ?
Висолат орзуям буду мар он ҳам сароб, эй ваҳ,
Макун кибри зиёд охир, чаро бар дил барӯмандӣ?

(Ҷ.2, саҳ. 231.)

Бояд қайд намуд, ки ин девони Фармон Тошев девони нисбатан пурраи шоир буда, ӯ пеш аз ин ҳам ду девон тартиб додааст. Вай дар оғози китоб таъкид менамояд, ки соли 2011 девони нахустинаш таҳти унвони «Соғинч» («Нигаронӣ») ва дар соли 2018 девони дуввумаш бо номи «Ғазал — маънӣ, ғазал — санъат» рӯи чопро дидааст. Девони дуввумаш бо тахаллуси «Қарнабӣ» баромада, шоир ин тахаллусро ба шарафи зодгоҳаш Қарнабота аз худ кардааст.
Ҷилди сеюми «Мунтахабот» иборат аз шеърҳои модернӣ буда, ҳамаи ашъори бо қолабҳои нав навишташудаи шоирро аз он хонда метавонед. Дар ин китоб Фармон Тошев асосан шеърҳои дар солҳои охир навиштаашро ҷойгир намудааст. Бисёри сурудаҳои шоир кайфияти иҷтимоӣ дошта, нисбати одатҳои бади баъзе одамҳо нафрати ошкори худро баён мекунанд. Дар баробари онҳо шеърҳои ошиқонаву пандомезро низ дидан мумкин аст.

Рӯзнома, театр, адабиёт
Дар саҳнаи адабиёт бисёр намояндагони бузурге ҳастанд, ки баробари эҷод бо фаъолияти рӯзноманигорӣ сару кор доранд. Дар сарсухани ҷилди чаҳоруми китоби Фармон Тошев узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, рӯзноманигори моҳир, сармуҳаррири маҷаллаи «Жаҳон адабиёти» Аҳмадҷон Мелибоев дар бораи меҳнати пурмаҳсули ҳамкасбаш навиштааст. Номи сарсухан «Вақти навиштан омад» мебошад. Ин китоб, бешубҳа, барои рӯзноманигорони ҷавон вазифаи дастуруламалро иҷро карда метавонад. Барои он, ки дар он адиб сабақҳои муҳими худро дар тӯли фаъолияти рӯзноманигорияш ҷамъоварӣ кардааст. Ғайр аз ин, дар ҷилди мазкур асарҳои саҳнавии муаллиф низ ҷой гирифтаанд.
Фармон Тошев солҳои сол барои пешрафти рӯзномаи «Зарафшон» ҳамчун сармуҳаррир саҳми арзандаи худро ҳамроҳ мекунад. Баҳри боз ҳам хонданибоб шудани он дар баробари ҷамоаи рӯзнома мақолаҳои танқидию таҳлилӣ менависад. Натиҷаи ин аст, ки имрӯз дар вилояти Самарқанд рӯзномаи «Зарафшон» мавқеи ба худ хосеро дорад.
Дар қисми «Публисистика»-и китоб хонандагон «Сабақҳои падарам», «Сабақҳои устод», «Сабақҳои мухбирӣ» ва «Сабақҳои зиндагӣ»-ро мехонанд. Ин қисми китоб бевосита ба тавре тарҷумаи ҳоли адиб, дидаву санҷидаҳояш, омӯхтаву гуфтаҳояшро дар бар мегирад. Боби «Драмаҳо» бошад, аз асарҳои саҳнавии хурду бузурги Фармон Тошев монанди «Санаторий», «Дом», «Қадами беҷо», «Баҳодури Ялангтӯш» ва «Ҳадя» иборат аст.
Дар поёни китоб таҳти унвони «Ман фарзанди ҳамин Ватан!» охирсухани муаллиф оварда шудааст. Дар он устод чунин навиштааст: «Ҳамчун сарҳисоби эҷодам мунтахаботи мазкур омода шуд. Ҳоло дар дилам суханони бисёр ҳаст, ки рӯи коғазро надидаанд. Асарҳои нав навиштан мехоҳам ва онҳоро албатта бо шумо баҳам мебинам.»
Мо ба корҳои ояндаи устод Фармон Тошев барор мехоҳем ва аз ин эҷодкори забардаст китобҳои нав ба навро интизорем.

Баҳодур РАҲМОНОВ.