Сокини маҳаллаи Ширинобод Шербой Рустамов яке аз хоҷагидорони пешсафи ноҳияи Самарқанд аст. Устухони ӯ бо нони деҳқонӣ сахт шудаасту бештар аз 40 сол боз бо замин ва боғу ток сару кор дорад. Дар тӯли ин солҳо ӯ таҷрибаи калон ғун карда, чашми корро омӯхтааст. Дар натиҷаи таҷрибаву таҳлилу санҷишҳо ба баланд бардоштани ҳосилнокии замин ноил ҳам мегардад. Аз соли 2006 ҳамчун раиси хоҷагии фермерӣ фаъолият мебарад. Мо бо раиси хоҷагии фермерии «Сойқудуқ агро-мева» Шербой Рустамов сари боғи хоҷагиаш вохӯрдем.
— Бо вуҷуди мушкилоти об ва гармии ҳаво шафтолузори хоҷагии шумо сабзу хуррам аст. Сабаби ин чист?
— Ҳа, душвориҳои кори деҳқонон ҳеҷ гоҳ кам намешавад. Ҳозир масъалаи обёрии замину боғҳо хеле душвор шудааст. Оби ҷорӣ қариб, ки нест. Мисли пештара замин ва боғу токзорро табъи дил об дода наметавонем. Бинобар ҳамин, бо кӯмаки ёрдамчии ҳоким дар маҳалла Бекмурод Суяров аз бонк 100 миллион сӯм кредити имтиёзноки 18‑дарсадӣ гирифта, насоси обкашӣ ва рӯдаҳои зарурӣ барои обёрии қатрагӣ харидем. Ҳоло 10 гектар боғу токзорро бо усули нав обёрӣ мекунем. Бо вуҷуди он, агар имкон шавад, аз оби ҷӯй ҳам ба боғу токзор об мемонем. Барои сарфаи об асосан шабона обёрӣ мекунем. Барои он ки ҳосили баландтаре гирем, ғизои току дарахтонро ҳамроҳи об равон мекунем. Албатта, ин гуна чорабиниҳо самари худро медиҳанд.
— Умуман, масоҳати боғу токзоратон чанд гектар аст?
— Хоҷагии мо ҳамагӣ 13,2 гектар замин дорад. 3,8 гектари онро токзор ташкил мекунад. Дар замини боқимода боғ бунёд кардаем.
— Дар токзор кадом навъи ангурҳо парвариш карда мешаванд?
— Асосан ангури навъҳои қароҷанҷол ва тоифӣ. Ҳосилнокии онҳо нисбати дигар навъҳо баланд аст, бинобар ин, ҳамин хел токҳоро парвариш мекунем.
— Аз ин мебарояд, ки боқимондааш боғзор аст. Дар боғ кадом навъҳои мева парвариш карда мешаванд?
— Бале. Дар боғ мо шафтолу, себ, гелос дорем.
— Бисёриҳо шафтолу намешинонанд. Мегӯянд, ки зуд хушк шуда, аз ҳосил мемонад…
— Ин ба парваришу нигоҳубини ниҳолу дарахти шафтолу вобаста аст. Ҳарчанд дар мақоли халқӣ гуфта шудааст, ки «аз буз молу аз шафтолу боғ накун», вале аз шафтолу ҳам ҳосили зиёду даромади калон гирифтан мумкин аст. Ниҳолҳои шафтолуи мо акнун сесола мешаванд. Шафтолу дар соли сеюм ба ҳосил медарояд. Албатта, ҳосили якумаш кам бошад, ки калон-калони нағз мешавад. Умуман, ниҳоли шафтолу серҳосилу бобарака аст. Агар дар вақташ обу ғизо диҳед, ба коркардҳояш риоя кунед, бар зидди касаливу ҳашаротҳои зараррасон перепаратҳои лозимаро занед, шафтолу 15–20 сол ҳам ҳосил медиҳад. Ҳамааш ба худи одам вобаста аст. Инро мо набояд фаромӯш кунем.
— Ҳозир шумо боғу токзорро асосан бо усули қатравӣ обёрӣ мекунед, барои ин ҳавз лозим аст. Барои ҳавзро бо об пур кардан чоҳи артезинанӣ мекобед ва ғайра. Ҳамаи инҳо бо қувваи барқ амалӣ мегарданд. Ин боиси қимат шудани маҳсулоти истеҳсолкарда намешавад?
— Албатта. Бо вуҷуди сарфакорӣ аз қувваи барқ хараҷот то рафт зиёд мегардад. Масалан, ҳоло истифодаи як киловат-соат энергияи электрӣ ба мо 1200 сӯмро такшил мекунад, ки ин аз ҳад гарон аст.
— Даромад чӣ тавр аст?
— Мувофиқи ризқу рӯзӣ даромадамон бад нест. Ҳар сол ба ҳисоби миёна тахминан 70–80 миллион сӯм даромад мегирем.
— Хароҷот чӣ? Аз андоз, пардохти пули барқ ё поруву дорувориҳои соҳаи кишоварзӣ қарздор шуда намондед? Ҳеҷ набошад, соли гузаштаро як ба хотир оред?
— Порсол ба вуҷуди боронгарӣ ва ҷолаҳои пай дар пай ҳосил кам шуда бошад, ки ба туфайли меҳнат даромадамон бад нашуд. Мо 7 нафар коргар дорем. Соли 2023 60 миллион сӯмро ҳамчун музди меҳнат ба коргарон додем. Маблағи андоз 45 миллион сӯмро ташкил кард. Онро ҳам дар вақташ супурдем. Барои истифодаи қувваи барқ зиёда аз 30 миллион сӯм додем. Боз ба худамон монд. Даҳони бачаҳо, ҳамқишлоқҳо ба мева расид. Ин ҳам хуб аст.
— Дар оянда ҳамчун раиси хоҷагии фермерӣ боз чӣ гуна нақшаҳо доред?
— Нақшаҳо бисёранд. Ҳаракат мекунем, ки боз дар 3 гектари боқимонда обёрии қатрагиро ба роҳ монем. Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ниҳолу токҳои серҳосилу бозоргирро шинонем. Боз ният дорем, ки дар хоҷагӣ соҳаи чорводориро ҳам ташкил кунем.
Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.
