Ovozi.uz

Дар Бозиҳои паралимпии Париж панҷ варзишгари самарқандӣ иштирок мекунанд

Аз 28-уми август то 8-уми сентябр дар шаҳри Парижи Фаронса Бозиҳои XVII паралимпӣ баргузор мешаванд.
Дар бозиҳои имсола 65 варзишгари ӯзбекистонӣ аз рӯйи 9 намуди варзиш (пара варзиши сабук, пара шиноварӣ, пара дзюдо, пара пауэрлифтинг, пара қайиқронӣ дар каноэ, пара қаиқронӣ академикӣ, пара таэквондо, пара тирандозӣ ва пара велосипедронӣ) ҷамъ 113 иҷозатнома ба даст оварданд. Ин нишондиҳандаи рекордӣ дар таърихи Паралимпии Ӯзбекистон буда, ин ҳама натиҷаи таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳурият ба инкишофи ҳаракати паралимпӣ, ташкили раванди машқ бо назардошти ҳолати ҷисмонии ҳар як варзишгар мебошад.
Паралимпиҳои мо дар бозиҳое, ки соли 2016 дар Рио де Женейро гузаронида шуд, 32-то ва дар Бозиҳои XVI паралимпӣ дар Токио 70 иҷозатнома ба даст оварда буданд.
Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз панҷ нафар варзишгари самарқандӣ – Ҳусниддин Норбеков, Кубаро Ҳакимова, Урганчбек Эгамназаров аз рӯйи намуди пара атлетикаи сабук, Қудратой Тошпӯлодова аз рӯйи пара пауэрлифтинг ва Улҷон Амриева аз рӯйи пара дзюдои варзиш шарафи кишварамонро ҳимоя мекунанд.
Чанд рӯз муқаддам варзишгарони мо барои иштирок дар Бозиҳои XVII паралимпӣ ба Париж рафтанд. Дар ин мусобиқа чемпиони ҷаҳон ва қитъа аз рӯйи намуди пара атлетика, ғолиби Бозиҳои Осиё ва Олимпӣ, варзишгари самарқандӣ Ҳусниддин Норбеков дар таркиби парчамбардорони ҳайати Ӯзбекистон парчамбардорӣ мекунад.