Маҳсулоте, аз қабили шакар, қаҳва, нӯшокиҳои кофеиндор ва спиртӣ, маҳсулоти ниҳоят шӯр, картошкаи бирён ва гӯшти дуборакоркардшуда ба саломатии инсон таъсир карда, раванди пиршавии баданро суръат мебахшанд.
Шириниҳо ва дигар маҳсулоти шакардор раванди гликатсияи баданро ба вуҷуд оварда, ба ҷамъшавии молекулаҳои AGE ва RAGE оғоз мекунанд.
Дар ҷойҳое, ки онҳо ҷамъ карда мешаванд, ҷараёни илтихоби доимӣ нигоҳ дошта ва кори муътадили узвҳо халалдор мешавад. Глюкоза ба сафедаҳо ва липидҳо мепайвандад. Ин бошад, ба коллаген таъсири харобиовар дорад, ки бевосита ба эластикии пӯст вобаста аст ва боиси бармаҳал пайдо шудани аҷинҳо мегардад.
Сарчашмаҳои асосии равғанҳои транс фудфуд ва маргарин мебошанд. Ин маҳсулотҳо низ раванди пиршавиро суръат мебахшанд, зеро онҳо рагҳои хунро танг мекунанд ва ҷараёни онҳоро тез месозанд. Дар натиҷа, хатари пайдоиши бемориҳои дилу раг меафзояд.
Миқдори зиёди кофеин боиси хушкшавии ҳуҷайраҳои бадан мегардад, ки боиси вайроншавии мубодилаи моддаҳо мегардад. Гуфта мешавад, ки пас аз ҳар қаҳва як пиёла об нӯшидан муҳим аст, то пиршавии бармаҳал пӯстро пешгирӣ кунад. Аз нӯшокиҳои энергетикӣ бошад, бояд комилан даст кашид.
Нӯшидани мунтазами нӯшокиҳои спиртӣ ба ҷигар таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Маҳсулотҳои спиртӣ боиси ҷамъшавии токсинҳо дар ҷигар мегарданд, ки боиси сар задани равандҳои илтиҳобӣ дар бадан ва бемориҳои гуногун мегарданд.
Маҳсулоти хеле шӯр (панир, питса (пеперони), чипс, крекер) ҳам боиси зуд пир шудани мо мешаванд. Намак обро дар бадан нигоҳ медорад, ки боиси коҳиш ёфтани ҳуҷайраҳо мегардад. Дар натиҷа, беобӣ дар бадан ба амал меояд.
Маҳсулоти гӯштии дуборакоркардшуда (калбаса, сосиска ва бекон) дорои намак ва консервантҳои зиёдатӣ мебошанд, ки баданро хушк мекунанд ва боиси илтиҳоб мешаванд.
Гуфта мешавад, коршиносоне, ки умри дароз ва солимро тарғиб мекунанд, маъмулан хӯрдани хӯрокҳои тез пухташуда ё бо буғ пухташударо тавсия медиҳанд.
