Раиси ҷумҳури Молдова Майя Санду дар интихоботи президентии ин кишвар пирӯз эълон шуд ва курсии худро барои чор соли дигар ҳифз кард.
Ӯ дар даври дуюми интихоботи президентии Молдова, ки дирӯз, 3-юми ноябр баргузор шуд, бо касби 55 дарсади раъй рақиби худ Александр Стояноглоро, ки 45 дарсад овоз гирифт, шикаст дод.
Майя Санду ғолиябити худро эълон карда, ба интихобкунандагон ташаккур гуфт.
Майя Санду ва Александр Стояногло аз ҷонибдорони худ хостанд, ки новобаста ба натиҷаи интихобот дар кишвар сулҳу субот оромӣ нигоҳ дошта шавад.
Бояд гуфт, даври аввали интихоботи президенти дар Молдова 20-уми октябр баргузор шуд. Он вақт Санду 42,3 ва Стояногло 26 дарсади овозҳоро соҳиб шуда буданд.
Mанбаъ: Азия-плюс
