Ҷавонони иштихонӣ дар «Олимпиадаи панҷ ташаббус», ки дар сатҳи маҳалла — сектор — ноҳия — вилоят — ҷумҳурӣ гузаронида мешавад ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ фаъол иштирок мекунанд. Дар мавсими имсола беш аз 64 ҳазор нафар ҷавонон аз рӯйи самтҳои шавқдоштаи худ дар платформаи beshtashabbus.uz худро сабт карда, 50 ҳазор нафари онҳо дар мусобиқаҳо фаъолона ширкат меварзанд.
Боиси эътироф аст, ки имсол аз рӯйи намуди атлетикаи сабук дастаи писарони маҳаллаи Чимқӯрғони ноҳия дар ҷумҳурӣ ҷойи сеюм ва ҷамоаи духтарони маҳаллаи Ёғонтеппа ҷойи дуюмро гирифтанд. Инчунин, 5 нафар ҷавонон оид ба тенниси рӯимизӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, иштирокчии маҳаллаи Ёғонтеппа сазовори ҷои дуюм гардид.
Писару духтарони ноҳия дар китобхонӣ низ пешқадаманд. Имсол дар марҳилаи вилоятии озмуни «Оилаи ҷавони китобхон» сазовори ҷойи дуюм гардидани оилаи Исломовҳо аз маҳаллаи Муродобод исботи ин гуфтаҳои мост.
Дар мусобиқаҳои футбол ва мини футбол байни писарону духтарон, ки барои «Ҷоми Хидмати амнияти давлатӣ» гузаронида шуд, ҷавонони мо фаъол иштирок карданд. Аз ҷумла, дастаи писарони маҳаллаҳои «Қароқишлоқ» аз рӯйи намуди футбол ва Шайхислом аз рӯйи намуди мини футбол ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд. Дастаи духтарони маҳаллаи Сӯҳоти ноҳия низ дар намуди мини футбол пирӯз гардиданд.
Инчунин, бо мақсади пурмазмун гузарондани вақти холии ҷавонон дар Боғи истироҳатии ҷавонони маркази ноҳия сайргоҳи ҷавонон, кӯчаи эҷодии ҷавонон ва парки креативӣ ташкил карда шуд, ки дорои шароитҳои зарурӣ мебошад.
Бо мақсади ташаккули эҳсоси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар шуури насли наврас — бунёдгузорони ояндаи мамлакат, дар рӯҳияи сифатҳои наҷиби инсонӣ тарбия кардани онҳо дар маҳаллаҳои ноҳия мунтазам чорабиниҳои маънавию маърифатӣ ва вохӯриҳои адабиву фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Илова бар ин, сардори ҷавонони маҳаллаи Қароқӯлии ноҳияи Иштихон Инъомҷон Қурбонов дар татбиқи бомуваффақияти сиёсати ҷавонон дар маҳаллаҳо ба натиҷаҳои хоса ноил гардида, дар байни 100 нафар беҳтарин сардорони ҷавонон қарор гирифт, ки ин натиҷаи кори пурсамар ва боиси ифтихори аҳли ноҳия мебошад.
Хулоса, дар ноҳия баҳри кашфи истеъдоди ҷавонон дар илму фан, эҷод, варзиш, санъат ва дигар соҳаҳо, ҳалли мушкилоти онҳо чорабиниҳои зарурӣ амалӣ гардида, натиҷаҳои мусбӣ беш аз пеш меафзоянд.
Зойир МАРДИЕВ,
сарвари шӯъбаи Агентии кор бо ҷавонони ноҳияи Иштихон.
