Ovozi.uz

Оё зеҳни сунъӣ оламро ба худ ром мекунад?

Суръати пешрафти ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) ба ҳадде зуд аст, ки ин падидаи нав ба гунаи боварнокарданӣ дар ҳоли тағйири дунёи башарият аст.
Ҳуши маснӯӣ дар ҳама ҷо вуҷуд дорад — аз барномаҳои маҳбуби мобилӣ то абзорҳое, ки мо ҳар рӯз барои кор истифода мекунем. Ин фановарӣ ба бахши ҷудонопазири таҷрибаи рақамии ҳаёти башарият табдил шуда ва ҳар фармони катибиву савтиро ба роҳҳалҳои ҳушманд ва шахсисозишуда (мошинодам) табдил мекунад. Тавсеадиҳандагон ба таври фаъол ҳуши маснӯиро дар барномаҳои мобилӣ ворид ва абзорҳое эҷод мекунанд, ки хостаҳои корбаронро пешбинӣ карда, бо суръати фавқулоддае ба ниёзҳои онҳо посух медиҳанд. Мувофиқ шудани ҳуши маснӯӣ дар барномаҳо танҳо як раванд нест, балки калиде барои рушди сареътар ва муваффақият аст.
Имрӯзҳо корбарон тақрибан дар ҳама ҷо дар ҳоли сӯҳбат кардан ва истифода аз абзорҳои ҳуши маснӯӣ бо қобилиятҳои ҷадиду фаровон ҳастанд ва нақши ҳаётиву пураҳамияти он дар тамоми ҷанбаҳои зиндагии инсоният эҳсос мешавад. Фановариҳои қаблӣ чандин сол тӯл мекашиданд, то фарогир шаванд ва истифодакунандагон, фурсати кофӣ барои созгорӣ ва татбиқи худ бо ин фановариҳоро доштанд. Аммо, дар мавриди зеҳни сунъӣ аслан ин гуна нест ва ин барнома комилан мутафовит аст.
Ҳуши маснӯӣ ба забони англисӣ — «аrtificial intelligence» аст ва таърифи яксон надорад, вале гуфта мешавад, ки ба воситаи ин падидаи нав истифода ва идораи қувваи меҳнат бо технологияи рақамӣ, яъне компутер ва роботҳо амалӣ мегардад. Ҳуши маснӯӣ корбурдҳои мусбати зиёде дорад, ки метавонад кайфияти навиштории инсонро беҳбуд бахшад.
Вақте, муҳаққиқони ҳавзаи ҳуши маснӯӣ ва ё нерӯи зеҳнӣ дар як марказ гирдиҳам меоянд, онҳо ин ё он намуди маҳсулотро дар қолаби ашёӣ, техникӣ ё воситаи фанноварии ҷадид тавлид мекунанд, ки барои осон намудани зиндагии мардум истифода мешавад. Ҳатто дар сиёсатҳои бештари кишварҳои пешрафта, ба интелект, ақл ва ҳамин ҳуши маснӯӣ такя карда истодаанд. Дигар замони истифода аз нерӯи ҷисмонӣ ба тадриҷ коҳиш меёбад. Масалан, дар самти мудофиа, вақте ба саҳнаи амалиётҳои ҷангӣ, ки имрӯз дар гӯшаҳои дунё сурат мегирад, нигоҳ кунем, бо техникаву технология меҷанганд. Дигар дар майдони корзори ҷанг инсон ҷонашро дар хатар монда, вориди даргир намешавад. Ин корро дигар як ҳавопаймои бесарнишин ва ё мушакҳои сатҳи баланди ҳушманди радаргурез анҷом медиҳанд, ки маҳсули зеҳни сунъӣ мебошад ва дар фазо ҳаракат карда, пайи дақиқ мушаххас кардани ҳадафи душманона ба таври худкор нуктаро нишон гирифта, нобуд месозад. Ба гунаи дигар дар самти варзиш, барномаҳои шатранҷи компютерӣ аз беҳтарин шатранҷбозони ҷаҳон, ки бигузарем бақия инсонҳоро ба содагӣ мебарад. Яъне дар аксар маврид инсоният дар ин бозӣ аз компютере, ки маҳсули эҷоди худи инсон аст, шикаст мехӯрад. Ба он маъно, ки компютер ба ҳамон хотираи зеҳнӣ, ки ниҳоят пурқувват аст, равишҳои гуногуни бозии шоҳмотро дар худ ҳифз карда, дар аксар вақт инсонро шикаст медиҳад. Ва шаке нест, ки мошину технологияҳои навин ба оҳистагӣ ҳушмандтар ва корҳое, ки одамҳо дар он беҳтар бошанд, рӯз ба рӯз камтар мешаванд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ду давлат — Ӯзбекистону Қазоқистон таҳияи тарҳи қонун «Дар бораи зеҳни сунъӣ»-ро омода доранд, ки дар соли оянда қабул мешавад. Ин тарҳи қонун қабули меъёрҳои ахлоқӣ, танзими давлатӣ, реҷаи ҳуқуқии фаъолияти иншооти зеҳни сунъӣ, иқдомоти дастгирии давлатӣ ва стандартизатсия дар бахши зеҳни сунъӣ ва ғайраро дар назар дорад. Мақсади асосӣ таъсиси Маркази технологияҳои зеҳни сунъӣ ва мудирияти ин фанноварӣ гуфта шудааст.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад, баҳори соли ҷорӣ аввалин қонуни байналмилалӣ барои назорат ва истифодаи беҳтар аз «ҳуши маснӯӣ» пас аз тақрибан ду соли баҳсу баррасӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба тасдиқ расид. Яъне, Аврупо аввалин қитъаест, ки қонунҳои равшан дар бораи истифода аз ҳуши маснӯӣ вазъ кард, ки он як чаҳорчӯби назоратиро барои рушди тавсеаи ҳуши маснӯӣ ва бо пардохтан ба хатароти марбут бо ин фановарӣ ба суръат дар ҳоли тағйир ироа мекунад. Ва ё ин қонун ба хотири рақобат барои назорат бар ҳуши маснӯӣ ва муҳофизат аз мардум дар баробари хатароте, ки шомили таҳдид ба зиндагии рӯзмарра аст, мебошад. Вале барои комилтар шудани қонун ҳанӯз роҳи зиёде боқӣ аст ва ҳадди ақал, иҷро шудани он дар соли 2025 мумкин аст.
Дар ин замина, Фаронса нахустин вазири ҳуши маснӯӣ ва фанноварии рақамиро муаррифӣ кард. Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳоло Париж қасд дорад ба қутби ҷаҳонӣ дар заминаи қонунгузорӣ ва назорат ба ин фановарии навин табдил шавад.
Ғайр аз ин, Созмони Милали Муттаҳид ҳам аввалин қатъномаи танзими қонуни ҳуши маснӯиро моҳи марти соли равон бо иттифоқи дорои 193 кишвари узв ба тасвиб расонд. Антониу Гутериш, дабири кулли СММ моҳи сентябри соли равон дар ҳафтоду нуҳумин нишасти Маҷмаи умумии ин созмон гуфт: «Мо ду тарҳ дар СММ матраҳ кардем, то ҳуши маснӯиро назорат кунем. Бояд барои ҳуши маснӯӣ қонун бигузорем, то барои масрафи хуб қобили истифода бошад ва мардуми ҷаҳон ба он дастрасӣ дошта бошанд».
Агар ба корҳое, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳавзаи ҳуши маснӯӣ анҷом мешавад, нигоҳ кунем, мебинем бештараш рӯйи системаҳое мутамарказ аст, ки ба таври мушаххас он худогоҳӣ ва ихтиёриро, ки метавонад, барои инсоният мушкилофирин шавад, надоранд.