Ovozi.uz

Зимистон ва сӯхтор. Чӣ бояд кард, то аз фалокатҳо эмин бошем?

Бо фарорасии фасли зимистон шумори сӯхторҳое меафзоянд, ки бештар ба сабаби риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ рух медиҳанд. Як сабаби аслӣ риоя накардани қоидаҳои истифода аз системаи гармидиҳӣ мебошад. Ва барои он ки ин гуна ҳодисаҳо рух надиҳанд ва аз онҳо пешгирӣ карда шаванд, чанд қоидаи муҳимро ёдовар мешавем:
— ҳамеша талош кунед асбобҳои барқиеро, ки бо василаи онҳо хонаҳои худро дар зимистон гарм мекунед ва ё ҳангоми пухтупаз истифода мебаред, тафтиш намоед. Хеле бодиққат бошед ва санҷиши пайваставу ҳамешагӣ метавонад аз ҳар гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ пешгирӣ кунад;
— ҳолати обгармкунҳои барқиро сари вақт санҷед: саривақт онҳоро таъмир кунед, қисмҳои корношоямшударо иваз намоед;
— танҳо аз таҷҳизоте истифода баред, ки дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсол шудаанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз таҷҳизоти дастсохти нобовар истифода нанамоед, чун онҳо бе риояи меъёрҳои бехатарӣ аз ҷониби шахсони ғайримутахассис сохта мешаванд ва кафолати бехатарӣ надоранд;
— аз истифодаи ҳамзамони чандин дастгоҳи қудратманди барқӣ худдорӣ кунед;
— ҳаргиз таҷҳизоти барқиро шабона, вақте хоб меравед, даргирон намонед, онҳоро барои хушк кардани либосҳои тар истифода накунед;
— нагузоред, ки бачаҳо бо таҷҳизоти барқӣ бозӣ кунанд, ҳамеша онҳоро назорат кунед;
— таҷҳизотро дар масофаи дуртар аз пардаи хона ва ё мебелҳо насб кунед;
— обгармкунҳои барқиро дар хонаҳое, ки маводҳои зудоташгиранда ва ё ҳар гуна маҳлулҳои оташангез нигоҳдорӣ мешаванд, истифода набаред;
— пайваста ин гуна таҷҳизотро аз ҳар гуна чангу хок пок созед, зеро баъзан гард ҳам боиси сӯхтор мешавад;
— симҳои барқи бухориро аз зери фаршу дигар пӯшишҳо убур надиҳед, ба болои симҳо ашёи вазнин, аз қабили мебелро нагузоред;
— қувваи барқро сарфаҷӯёна истифода баред, бидуни зарурат таҷҳизоти барқиро рушан накунед.
Аз хотир фаромӯш насозед, ки бо риоя ба ин амалҳо шумо саломатии худ ва наздиконатонро ҳифз менамоед ва зимистонро хуб мегузаронед.

Олима МӮМИНОВА,
нозири хурди Садорати вазъиятҳои фавқуллодаи шаҳри Самарқанд