Ovozi.uz

Афзалияти суғуртаи тиббӣ

Бо ташаббуси сарвари давлатамон дар соҳаи нигаҳдории тандурустии аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз як иқдоми нек — суғуртаи тиббӣ ҷорӣ шуд, ки аз 1‑уми январи соли 2025 дар вилояти Самарқанд низ амалӣ мешавад.
Ин намуди ҳифзи саломатии инсон дар вилояти Сирдарё тӯли се сол аз таҷриба гузашт.
«Суғуртаи тиббӣ чист ва чӣ гуна афзалият дорад?» мепурсиданд аксарияти мардум.
Бояд таъкид намуд, ки чунин тарзи табобат дар кишварҳои хориҷӣ маъмуланд. Ин дар Ӯзбекистони Нав акнун доман паҳн мекунад. Дар урфият мегӯянд, ки тани гарм бе дард намешавад. Бинобар ҳамин, мо ба маслиҳату назорати шифокор мӯҳтоҷ ҳастем.
Афзалиятҳои суғуртаи тиббӣ дар он аст, ки кас дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон кафолату ҳуқуқи табобати бепул гирифтанро дорад. Барои ин, дар поликлиникаи оилавӣ музди муайяне супурда мешавад. Сипас, бемор аз духтури шахсӣ роҳхат гирифта, дар шифохонаи давлатии дилхоҳ ба ташхису табобат имконият пайдо мекунад.
Боиси хушнудист, ки шахсони ногироидошта, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, чернобилчиён, шахсони ордену унвон дошта ба тарзи имтиёзнок соҳиби суғуртаи тиббӣ хоҳанд шуд.
Поликлиникаи оилавии мо дар шоҳроҳи Спитамен ҷойгир буда, ба панҷ маҳаллаи гирду атрофи худ — Ватанпарвар, Ҳунарманд, Ҳазора, Дӯстлик ва Боғи саро хизмати шоистаи беминнат мерасонад. Беш аз 30 нафар шифокорон ва қариб 80 нафар ҳамшираҳои шафқат дар ин ҷо ба беморон хидмат мерасонанд.

Беҳзод БОТУРОВ, сардухтури поликлиникаи рақами 9‑уми шаҳри Самарқанд.