Ovozi.uz

Иҷрои муроҷиатҳо зери назорати ҳокиманд

Дар мамлакат бобати ривоҷдиҳии тиҷорати хурд ва тадбиркории хусусӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорон, дастгирии ташаббусҳои тиҷоратӣ чорабиниҳои зиёд амалӣ мешаванд.

Маҳз бо ҳамин мақсад дар Садорати ҳудудии Палатаи савдову саноати вилоят бо иштироки роҳбари вилоят Адиз Бобоев қабули соҳибкорон баргузор гардид.

Дар рафти қабул муроҷиатҳои соҳибкорон аз рӯйи гирифтани кредит, таъмири иншоот ва дигар масъалаҳо шунида шуд.

Аз ҷумла, соҳибкор, сарвари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «MED PROFI»-и ноҳияи Ургут гуфт, ки дар маҳаллаи худ аз ҳисоби маблағҳои худ маркази хусусии тиббиро бунёд кардааст ва барои таҷҳизонидани он 1 миллион доллари ИМА ва 5 миллиард сӯм маблағи иловагӣ лозим аст.

Бо мақсади гирифтани кредит ба филиали вилоятии бонки саҳомии тиҷоратии «Алоқабанк» ва бонки саҳомии хусусии «Трастбанк» муроҷиат кардааст, аммо онҳо мушкилашро ҳал накарданд.

Намояндагони бонки СХ «Трастбанк» сабабҳои ба таъхир афтодани ҷудо кардани кредитро фаҳмонданд ва ваъда доданд, ки то анҷоми ҳафта барои ҳалли ин масъала дар ҳадди ниҳоӣ ҳаракат мекунанд.

— Дар аксар маврид дар асоси монеаҳои гуногуни бюрократӣ тадбиркорон наметавонанд лоиҳаҳои ояндадори худро татбиқ намоянд, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят А.Бобоев. — Дар натиҷа онҳо аз ташаббус ва иқдомҳои ояндадори худ даст мекашанд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як лоиҳа ин ҷойи нави корӣ аст, андоз ва манфиатҳои иқтисодиро ифода мекунад.

Дар идома соҳибкори дигар гуфт, ки дегхонаи кӯҳнаи ҳудуди филиали Институти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилоятро харидааст ва мехоҳад дар он ҷо лоиҳаҳи худро амалӣ намояд. Аз рӯйи маълумоти мутахассисон, ин мушкили печида аст. Яъне, агар соҳибкор объекти нави хидматрасониро бунёд кунад, ӯро зарур аст, ки роҳи иловагӣ ва истгоҳи нақлиётро ҳам созад.

Роҳбари вилоят ба мутахассисон супориш дод, ки гурӯҳи корӣ ташкил намуда, масъаларо дар доираи қонун, бо риоя ба талаботи сарнақшаи шаҳр баррасӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар рафти қабул на танҳо муроҷиати соҳибкорон, балки мушкилоти шаҳрвандон низ шунида шуд. Яке аз муроҷиаткунандагон гуфт, ки онҳоро ба таври ғайриқонунӣ аз хона берун карда, манзили зисташонро вайрон кардаанд. Шаҳрванд дар ҳалли масъала аз масъулон ёрии амалӣ пурсид. Муроҷиат ба прократураи вилоят фиристода шуд.

Бояд гуфт, ки тамоми масъалаҳо зери назорати ҳоким гирифта мешаванд.

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят.