Дар Маркази хизматҳои иҷтимоии «Инсон»-и ноҳияи Самарқанд диққати моро хизматрасонии марди миёнсоли гандумгуни баландболое ба худ кашид. Мо ба муомилаву муносибат ва кори қабули ниёзмандони ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир кардем. Ӯ ҳар кадомеро бо ҳурмату эҳтиром қабул карда, арзу шикоятҳояшонро бодиққат мешунид, дар рафти сӯҳбат дилбардорӣ мекард ва ба иҷрои талабу дархостҳояшон мекӯшид.
Ҳар рӯзи фаъолияти сардори шӯъбаи кор бо шахсони ногироидоштаи Маркази хизматҳои иҷтимоии «Инсон» Абдувалӣ Холдоров ҳамин хел сурат мегирад. Худи ӯ факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Солҳо дониши худро дар соҳаи анатомияи инсон афзун гардонида, дар ин соҳа бештар аз 30 сол боз фаъолият нишон медиҳад.
— Абдувалиака, аз рӯи мушоҳида коратон бисёр будааст. Бигӯед, ки дар ноҳия шумораи шахсони ногироидошта зиёданд?
— Дар ноҳияи мо 6783 нафар одамон ҳамчун шахсони ногироидошта ба қайд гирифта шудаанд. Аз инҳо 1073 нафарашон кӯдакон бошанд, боқимонда ногироёни гуруҳҳои якум, дуввум ва саввум ба ҳисоб мераванд.
— Ин қадар одамон асосан чӣ хел айбу иллатҳо доранд? Ба таври дигар гӯем, бо кадом хели касалиҳо ба ногироӣ гирифтор шудаанд?
— Касалии хӯрдашавии устухон, бемориҳои системаи асаб, иллатҳои мушак-устухон, инчунин бачаҳое, ки бо нуқсонҳои дил таваллуд шудаанд ва монанди инҳо, бинобар ҳамин, ба гурӯҳҳои ноироидошта дохил шудаанд.
— Вазифаи шумо дар марказ аз чиҳо иборат аст? Ба шахсони ногироидошта кадом намудҳои хизматро мерасонед?
— Аввало вазифаи мо аз таҳти дил ба ҳама гуна тоифаҳои мӯҳтоҷи хизмати иҷтимоӣ кӯмак расонидан аст. Баъд, аниқ кардани шахсоне, ки ба гурӯҳи ногироидошта дохил кардан мумкин аст, ба шахсоне, ки ногиро буданашон муайян карда мешавад, нишон додани хизмати иҷтимоӣ аст, ба ногироҳои мӯҳтоҷ бо воситаҳои протезу ортопедӣ таъмин кардан мебошад. Барои реабилитатсияи онҳо воситаҳои техникиро расонида додан ва ғайра аст. Шахсони ногирои 10–35‑соларо ба варзиши параспорт ҷалб кардан, таъмин бо ҷои кор, агар касбу ҳунаре надошта бошанд, дар курсҳои касбомӯзи хонондан ва дар ҷамъият барои мавқеи худро ёфтан тавсияҳо додан аст.
— Гуфтед, ки ҷавонони 10–35‑солаи ногироидоштаро ба параспорт ҷалб мекунед? Ин кор чӣ хел ба роҳ монда мешавад?
— Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8‑уми ноябри соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагии доир ба такмилдиҳии сохтори реабилитатстия ба воситаи ба спорт ҷалб кардани шахсони ногироидошта» қабул шуда буд. Мувофиқи он, маъюбоне, ки хоҳиши бо варзиш машғул шудан доранд, мо кӯмак мерасонем. Онҳо бо роҳхати мо дар мактабҳои бачагонаи спортии рақамҳои 1 ва 2‑и ноҳия бепул машқ карда метавонанд. Дар айни замон 78 нафар маъюбон бо варзиш мунтазам машғуланд.
— Худи ҳамин рӯз ба ду нафар барои барқарор кардани саломатиашон ба беморхонаи реаблитатсионӣ ордер навишта додед. Ба воситаи духтари бемори чашми гурӯҳи якум Раъно Абдураҳимова, ки дар маҳаллаи Пули Муғоб истиқомат дорад, аппарати ченкунии фишори электронӣ фиристодед. Оё бо асбобу анҷомҳои зурурии маъюбон шахсони ногироидошта пурра таъмин мегарданд?
— Бале. Дар ин бора қарори сарвари давлатамон аз санаи 27‑уми феврали соли 2024 «Дар бораи чораҳои такмилдиҳии системаи бо воситаҳои реаблитатсионӣ ва бо ускунаҳои протез-ортопедия таъмин кардани шахсони мӯҳтоҷ» ба тасвиб расидааст. Мувофиқи ин қарор, то 1‑уми майи соли 2024 кресло-аробачаи электрикӣ, вело кресло-аробача, ускунаи гаштан (роллатор), асои чорпоя, термометр ва тонометри овоздор, инчунин дигар воситаҳоро ҳам ба инобат гирифта, аз тарафи давлат ба таври кафолатнок хелҳои таъминкунии ускунаҳои протез-ортопедия ва воситаҳои техникии реабилитатсонӣ аз 18 ба 30 адад зиёд гардонида шуд. Дар давоми ёздаҳ моҳи гузаштаи соли равон ба 182 нафар ускунаҳои протезӣ-ортопедӣ ба маблағи 705 миллион сӯм тақсим карда шуд. Роҷеъ ба маҳсулотҳои воситаҳои реабилитатсионӣ бошад, чунин рақамҳоро овардан мумкин аст: ба 165 нафар асо, 114 нафар асобағал, ба 9 нафар тонометр ва термометри овоздор, ба 110 нафар аробачаи ногироӣ, ба 11 нафар воситаи қадамгузорӣ дода шуд. Инчунин, дар марказҳои реабилитатсионии ноҳия, ки дар беморхонаи бисёрсоҳавии ноҳия ва дармонгоҳи маҳаллаи Оқмасҷид ташкил карда шудаанд, ордер дода мешавад. Худи ҳамин сол 216 нафар шахсони ногироидошта дар ин дармонгоҳҳо табобат гирифтанд.
Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ
