Ovozi.uz

Донистани забонҳои хориҷӣ — талаботи замон

18‑уми декабр — Рӯзи байналмилалии забони арабӣ

Забони арабӣ, ки яке аз забонҳои ҷаҳонист, дар тамаддуни башарият ва пешрафти илму фан нақши муҳим бозидааст. Асарҳои илмие, ки ба забони арабӣ навишта шудаанд, боиси ихтирооту кашфиётҳои зиёде гаштаанд.

Ин забон на танҳо воситаи муоширати аҳолии кишварҳои арабист, балки забони умумии тамоми мусулмонони ҷаҳон низ маҳсуб меёбад, зеро китоби муқаддаси мусулмонон — Қуръони Карим ба забони арабӣ нозил шудааст. Мавқеи забони арабӣ бо сабаби паҳншавии дини ислом дар миқёси ҷаҳон боло рафт, зеро он дар тӯли асрҳои зиёд дар кишварҳое, ки мусулмонон ҳукмронӣ мекарданд, ба забони сиёсат, илм ва адабиёт табдил ёфта буд.

Соли 1973 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) тасмим гирифт, ки забони арабӣ ба қатори забонҳои расмӣ ва доимии Кумитаҳои асосии СММ ворид шавад. Ба ин муносибат, рӯзи 18-уми декабр ҳамчун санаи расмӣ интихоб гардид. Соли 2012 бо ташаббуси давлатҳои Марокаш, Арабистони Саудӣ ва Либия, дар сессияи 190‑уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО, ин рӯз расман Рӯзи байналмилалии забони арабӣ эълон карда шуд.

Ҳар сол, 18-уми декабр — Рӯзи байналмилалии забони арабӣ ҳамчун ҷашн дар Созмони Милали Муттаҳид қайд карда мешавад. Ин сана соли 2010 бо ташаббуси Шӯъбаи иттилооти ҷамъиятии СММ ҷиҳати «ҷашнгирии бисёрзабонӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ ва мусоидат ба истифодаи баробарии шаш забони расмии СММ» ташкил карда шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб, дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ин рӯз ҳамчун ҷашн таҷлил мешавад.

Имрӯз, забони арабӣ забони расмии 22 кишвари ҷаҳон буда, бештар аз 550 миллион нафар бо ин забон гуфтугӯ мекунанд. Ҳамчунин, барои зиёда аз 250 миллион нафар, забони арабӣ ҳамчун забони дуюм хизмат мекунад.

Ба муносибати ин рӯз, 14-уми декабри соли равон, дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд бо ташаббуси кафедраи забонҳои Ховари Миёна чорабинии маънавӣ-­фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он ректори Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Баҳодир Холиқов ва сафири фавқулода ва мухтори Салтанати Уммон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вафо Ҷабр Нассер Ал-­Бусайдӣ ширкат варзиданд.

Пеш аз чорабинии маънавӣ-­фарҳангӣ, музокироти дуҷониба баргузор гардид. Дар ҷараёни он масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълими олии Салтанати Уммон, фиристодани омӯзгорони маҳаллӣ барои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ба Донишгоҳи Султон Қобус, ҷалби омӯзгорони ихтисосманди забони арабӣ аз Уммон, табодули донишҷӯён ва таъмини барномаҳои таълимии забони арабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ, донишҷӯёни ихтисоси забони арабӣ бо шеърҳо, ҳикматҳо, сурудҳо, рақсҳо ва саҳнаҳои гуногун, ба забонҳои арабӣ ва ӯзбекӣ баромад карданд. Мақсади асосии ин вохӯрӣ ва чорабинии маънавӣ-­фарҳангӣ омӯзиши фаъолонаи забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони арабӣ, таҳқиқи асарҳои гузаштагони мо ва тарбияи кадрҳои баландихтисос, ки ин забонро пурра медонанду бо он озодона муошират карда метавонанд, мебошад.

Ҷасур ТЕМИРОВ,

омӯзгори калони кафедраи забонҳои Шарқи Миёнаи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд.